Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай шуд

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе расман эълон кард, ки Эрон ба сафи кишварҳои узви Созмон пазируфта шуд. Қарор дар ин бора дар нишасти 23-юми Созмон таҳти раёсати Ҳиндустон қабул шуд. Дар кори нишаст ҳамаи давлатҳои узви СҲШ иштирок карданд. Беларус, Эрон ва Муғулистон ба сифати нозирон даъват шуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони ду мақоми […]

Asia-Plus

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе расман эълон кард, ки Эрон ба сафи кишварҳои узви Созмон пазируфта шуд. Қарор дар ин бора дар нишасти 23-юми Созмон таҳти раёсати Ҳиндустон қабул шуд.

Дар кори нишаст ҳамаи давлатҳои узви СҲШ иштирок карданд. Беларус, Эрон ва Муғулистон ба сифати нозирон даъват шуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони ду мақоми созмон – Котиботи СҲШ ва Сохтори минтақавии зидди терроризми Созмон ҳузур доштанд. Ғайр аз ин, роҳбарони Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД, СММ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва  ИДМ низ иштирок карданд.

Нишаст дар шакли онлайн баргузор шуд.

Эрон узви нуҳуми иттиҳоди байнидавлатӣ шуд. Моҳи сентябри соли 2022 дар нишасти СҲШ дар Самарқанд дар бораи уҳдадориҳои Эрон бо мақсади узвият ба Созмон ёддошт ба имзо расида буд, хабар медиҳад ТАСС.

Дар котиботи СҲШ дар Пекин маросими тантанавии барафрохтани парчами Эрон доир гардид.

Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ зимни ҷаласаи нишаст изҳор дошт, ки ҳукумат ва мардуми Эрон аз пазируфтани кишварашон ба ин созмон изҳори сипос мекунанд.

"Мо гуфтаҳои самимонаи Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон ва талошҳои ӯ барои мизбонии ин нишастро хеле қадр мекунем. Аз фурсат истифода бурда, аз номи ҳукумат ва мардуми Эрон барои пазируфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони узви комилҳуқуқи СҲШ изҳори сипос мекунам”, – гуфт ӯ.

Иброҳим Раисӣ зикр кард, ки узвияти Эрон дар СҲШ ба ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодӣ имкон фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Раисӣ, Эрон бо Русия барои  бунёди долонҳои нақлиётӣ дар минтақа ба ҳамкориҳо вусъат мебахшад…

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.