Президент дастур дод, ки аҳолии Тоҷикистон бо интернети суръаташ баланд таъмин карда шавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо иштироки аъзои ҳукумат, роҳбарони як қатор вазорату идора ва муассисаҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо иштироки аъзои ҳукумат, роҳбарони як қатор вазорату идора ва муассисаҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори машварат масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, раванди ташаккулёбии буҷети давлатӣ ва тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, оид ба васеъ намудани имкониятҳои ташаккулдиҳии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии созмонҳои байналмилалӣ муҳокимаронӣ доир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори ҳукумат ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин сарвари давлат иҷрои саривақтии фармон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро таъкид кард.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 август барои пардохти хидматрасониҳои давлатӣ дигар пули нақд қабул карда намешавад.

Ҳамаи пардохтҳои ҳатмии давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар ин маводи мо дар бораи ин хидматрасониҳо, чӣ гуна ғайринақд пардохт шудани онҳо ва дигар масоили марбут ба ин масъала маълумоти муфасаал дарёфт карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.