Ҳушдор аз хатари сел. Таъкиди КҲФ ба сокинону меҳмонони Тоҷикистон

Рӯзҳои 15-17-уми июл дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) бо такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад. Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои 15-17-уми июл дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) бо такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

“Маслиҳат дода мешавад, ки сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус, сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад”, – омадааст дар хабар.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёткор бошанд.

Ин ниҳод аз аҳоли хоҳиш мекунад, ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

“Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳи соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд”, -афзудааст манбаъ.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода сокинону меҳмонони кишвар метавонанд бо рақамҳои телефони 112, 223-13-11 ва 93 880 28 19 ба тамос шаванд ва масъулинро аз ҳодиса саривақт огоҳ намоянд.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05; 2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60;  2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57; 2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72; 5-15-55.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.