Сардор Бердимуҳаммедов сафири Туркманистон дар Тоҷикистонро иваз кард

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов сафирони ин кишвар дар Гурҷистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз вазифаҳояшон озод кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии ТДХ. Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Хемра Тогалаков “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Аймират Гочмирадов таъин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси консули Туркманистон дар Афғонистон ифои вазифа […]

Asia-Plus

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов сафирони ин кишвар дар Гурҷистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз вазифаҳояшон озод кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии ТДХ.

Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Хемра Тогалаков “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд.

Ба ҷойи ӯ Аймират Гочмирадов таъин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси консули Туркманистон дар Афғонистон ифои вазифа мекард.

Ҳамчунин сафирони Туркманистон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон, инчунин консули Туркманистон дар Олмон низ аз кор озод карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзҳои 15-16 июл бо сафари расмӣ дар Ашқобод қарор дошт.

Дар ҷараёни сафар ӯ бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов ва ҳамтои туркмани худ Рашид Мередов дидору угфтушунид кард.

Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ бо сарвари давлати Туркманистон Сироҷиддин Муҳриддин паёму таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов расонид.

“Зикр шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ду давлат ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон бемайлон рушд намуда, соли ҷорӣ ба сатҳи нави “шарикии амиқи стартегӣ” бароварда шуд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба харитаи роҳ оид ба татбиқи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи майи соли 2023 доир гардид, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Вазирон ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро, ки баргузории он тирамоҳи соли ҷорӣ дар Душанбе дар назар аст, баррасӣ намуда, азму иродаи ҳарду ҷонибро баҳри афзоиш додани ҳаҷми савдои дуҷониба дар солҳои наздик тасдиқ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.