Дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футбол доир мегардад

Рӯзи 19 июл дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон оғоз мешавад. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, дар мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи «А» «Вавилон», «Абдураҳмон», «Мавлоно» ва […]

Рӯзи 19 июл дар Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон оғоз мешавад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дар мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи «А» «Вавилон», «Абдураҳмон», «Мавлоно» ва «Сайёҳ» шомил шуданд.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Рахш-Такси», «Зет-Мобайл», «Амонатбонк» ва «Олуча-Такси» мубориза мебаранд. Гурӯҳи «С» аз «Ориёнбонк», «Мустафо», «Бойгонӣ» ва «Соро компания-2» иборат мебошад.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Сипас аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар марҳилаи плей-офф рақобатҳо аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.