Ҷасади ду муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Ватан оварда мешавад

Ду муҳоҷири тоҷик рӯзи 15-уми июл дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба ҳалокат расидаанд ва ҷасади онҳо ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар пайи ин садама як муҳоҷири дигари тоҷик ҳоло маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ аст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад. Хабари дар садамаи нақлиёт ҷон додани ду муҳоҷири […]

Ду муҳоҷири тоҷик рӯзи 15-уми июл дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Русия ба ҳалокат расидаанд ва ҷасади онҳо ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар пайи ин садама як муҳоҷири дигари тоҷик ҳоло маҷрӯҳ ва дар бемористон бистарӣ аст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад.

Хабари дар садамаи нақлиёт ҷон додани ду муҳоҷири тоҷик дар Челябински Русия ду рӯзи пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи ин хабар изҳор дошт, ки аз қазияи марги ду нафар ҷавони тоҷик огоҳ буда, ҳамдардиашро ба наздикону пайвандони фавтидагон  изҳор менамояд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин садама рӯзи 15-уми июл дар шоҳроҳи Челябинск-Уфа-Перми Русия рух додааст ва дар он ду ҷавони муҳоҷири тоҷик ҷон дода, як муҳоҷири дигари тоҷик маҷрӯҳ гаштааст.

Сафорат таъкид кардааст, ки он ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ гардид ва “ба шаҳрванди осебдида ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ расонида мешавад”.

“Бо мусоидати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҷамъияти тоҷикон ҷасадҳои шаҳрвандони фавтида ба Ватан интиқол дода мешаванд”, – афзудааст Сафорат.

Бояд гуфт, ки шахсияти муҳоҷирони ба ҳалокатрасида ва маҷрӯҳ мушаххас гуфта нашудааст ва бо гузашти ду рӯз то ба ҳол маълум нест, ки ҷасадҳо ба Тоҷикистон расидаанд ва ё на.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Сафорати Тоҷикистон дар Русия се тифли навзоди тоҷикро, ки модаронашон – як шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз таваллудхонаҳои Русия таваллуд кардаву партофта рафт, ба ватан фиристода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.