Боздошти як мард дар Фархор барои қаллобии вобаста ба фиристодан ба ҳаҷ

Сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба ду нафар ваъда додааст, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ӯ […]

Сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба ду нафар ваъда додааст, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ӯ моҳи январи соли ҷорӣ ба боварии сокини 27-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ мегирад ва ваъда медиҳад, ки падару модари ӯро ба ҳаҷи фарзӣ мефиристад, лекин ваъдаашро иҷро намекунад.

Моҳи июни соли равон ӯ бо ҳамин тарз ба боварии марди 67-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ бо ваъдаи мусоидат барои ба ҳаҷи фарзӣ фиристодан 70 ҳазор сомонӣ мегирад, вале боз ҳам ба ваъдааш вафо намекунад.

Дар хабари Вазорат гуфта мешавад, дар натиҷа ба номбурдагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар бораи ному насаб ва ба чӣ кор машғул будани боздоштшуда хабар дода намешавад. Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо Вазорат дар тамос шавад.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи охирини зойирини тоҷик – ҳамагӣ 259 нафар рӯзи 23 июн ба Ҷидда раҳсипор шуд.

Қобили зикр аст, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.

Тайи 5 соли ахир қариб 120 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими ҳаҷро адо карданд. Барои адои маросими ҳаҷ онҳо зиёда аз 500 млн доллар масраф карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.