Толибон аз Русия дархост карданд, ки додани раводид ба афғонҳоро содатар кунад

Ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи ҳаракати тундрави Толибон таъсис ёфтааст, бо дархости сода кардани додани раводид ба шаҳрвандон ва тоҷирони афғон ба Русия муроҷиат кардааст. Дар ин бора хабаргузории Фергана бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин дархостро роҳбари Вазорати корҳои хориҷии *Толибон Амир Хон Муттақӣ зимни мулоқот бо сафири Русия […]

Ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи ҳаракати тундрави Толибон таъсис ёфтааст, бо дархости сода кардани додани раводид ба шаҳрвандон ва тоҷирони афғон ба Русия муроҷиат кардааст. Дар ин бора хабаргузории Фергана бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин дархостро роҳбари Вазорати корҳои хориҷии *Толибон Амир Хон Муттақӣ зимни мулоқот бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов баён кардааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи баргузории мулоқоти Афғонистонро дар формати Маскав баррасӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли 2021 хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва дигар воҳидҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон оғоз шуд. Толибон аз коҳиши нирӯҳои хориҷӣ истифода карда, як қатор минтақаҳои кишварро ғасб карданд ва аллакай рӯзи 15 август бидуни ҷанг пойтахти Кобулро тасарруф намуданд.

Аввали моҳи сентябр ҳукумати нави Афғонистон таъсис ёфт, ки ба ҳайати он танҳо аъзои ҳаракати тундгаро шомил шуданд. То кунун ин ҳукуматро ҳеҷ кишвари ҷаҳон ба расмият нашинохтааст, вале Толибон пайваста дар конфронсҳои мухталифи байналмилалӣ ширкат мекунанд ва намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои музокира бо онҳо ба Кобул меоянд.

Моҳи марти соли 2022 Маскав аввалин дипломати афғонро аз ҳукумати Толибон пазируфт (сабтином кард). Ва дар моҳи апрели ҳамон сол мақомоти Русия намояндаи ифротгароёнро раҳбари намояндагии дипломатии Афғонистон эътироф карданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.