Дар Тоҷикистон волидайни кӯдаконе, ки бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) зиндагӣ мекунанд, шикоят мекунанд, ки фарзандони онҳоро ба мактаб қабул намекунанд ё нисбати онҳо табъиз раво мебинанд.
Шаҳло (ном ивазшуда, муаллиф) як зан, ки мехост фарзандашро ба мактаб-интернат барои таҳсил супорад, вале директори мактаб – интернат пас аз шунидани он ки кӯдакаш бо ВНМО зиндагӣ мекунад, дарҳол таҳсили кӯдакро дар муассиса рад кард. Ин дар ҳоле, ки тибқи моддаи 163 Кодекси тандурустии Тоҷикистон ҳар як шахси бо ВНМО зиндагикунанда ҳуқуқ дорад, ки аз мақомаш иттилоъ надиҳад.
Шаҳло пас аз табъиз нисбати фарзандаш, маҷбур шуд, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои фарзандаш ба Маркази ҳуқуқи инсон (Центр по правам человека) муроҷиат кард.
Ба гуфтаи Шаҳло, ӯ зани яккаву танҳо аст ва шавҳараш пас аз фаҳмидани он ки ба ВНМО гирифтор аст, аз ӯ ҷудо шуд.
Ӯ соҳиби се фарзанд аст, ки яки онҳо бо ВНМО зиндагӣ мекунад ва шавҳараш ба онҳо кумак намекунад.
Шаҳло тахмин мезанад, ки ӯ ва писараш соли 2006 ҳангоми дар беморхона бистарӣ будан, ки он замон фарзандаш аз бемории кӯдакона ранҷ мебурд, ба ВНМО гирифтор шудаанд.
Ӯ ҳоло дар хонаи хушдоманаш дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунад ва шароити таъмини се кӯдаки ноболиғро надорад.
Ҳодсисаи дигар, дар яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе рух додааст. Волидайни яке аз кӯдакон баъди он ки фаҳмид бо фарзандаш дар як мактаб кӯдаки бо ВНМО зиндагикунанда таҳсил мекунад, ба директори мактаб шарт гузоштааст, ки ё ин кӯдак дигар дар ин мактаб таҳсил намекунад ё фарзандони дигарон бо ӯ таҳсил намекунанд.
Волидайни кдуаки ба ВНМО зиндагикунанда ба хотири осеби равонӣ нагирифтани фарзандаш ӯро ба мактаби дигар гузаронид.
“Бо чунин ҳолатҳо касе муроҷиат накардааст”
Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Вазорати тандурустии кишвар айни замон дар ҷумҳурӣ 1065 нафар кӯдаки бо ВНМО зиндагикунанда умр ба сар мебаранд. Дар семоҳаи аввали соли 2023 – 13 кӯдаки нав ба қайд гирифта шудаанд.
Сафархон Сатторов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО мегӯяд, тибқи қонунгузории кишвар кӯдакони бо ВНМО зиндагикунанда мисли дигар ҳамсолони худ дар муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқи таҳсил карданро доранд ва набояд нисбати онҳо табъиз раво дида шавад.
– Дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар мактабу боғчаҳо хатари сироятёбии кӯдакон аз кӯдакони бо ВНМО зиндагикунанда вуҷуд надорад ва дар қонунгузорӣ низ барои дастрасии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ барои ин гуна кӯдакон монеае вуҷуд надорад. Чунин рафтор аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ғайриқонунӣ буда, қобили қабул нест,-гуфт Сафархон Сатторов.
Ӯ илова кард, ки дар ҳолати қабули табобати махсуси зиддиретровирусӣ ва ҳангоми расидани сарбории вирусиаш то сатҳи “номуайян” шахси бемор барои атрофиён ва ҳатто аҳли оилаи худ тамоман бехатар мешавад.
Зебо Қосимова, ҳуқуқшиноси “Маркази ҳуқуқи инсон” мегӯяд, табъиз нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда манъ аст ва моддаи 41 Конститутсияи Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсилро дорад.
– Давлат ба шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад. Таълимгирандагони бо ВНМО зиндагикунанда низ дар баробари дигар шаҳрвандон ҳуқуқ ба таҳсилро доранд,-қайд намуд ҳуқуқшинос.
Ба таъкиди ӯ, яке аз вазифаҳои асосии Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, ки 22 июли соли 2013 кабул гардидааст, таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи ҳар шахс ба таҳсил мебошад ва дар он ягон меъёри ҳуқуқии маҳдудкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони бо ВНМО/БПНМ зиндагикунанда дида намешавад.
“Таъмини махфияти иттилоот ҳатмист”
Зебо Қосимова гуфт, яке аз принсипҳои дигари муҳими кор бо шахсони бо ВНМО/БПНМ зиндагикунанда, таъмин намудани махфияти иттилооти онҳо мебошад ва дар ҳолати фош шудани чунин иттилоот аз ҷониби кормандони муассисаҳои таълимӣ мутобиқи қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Ба таъкиди номбурда, онҳое, ки ашхоси бо ВНМО зиндагикунанда кор мекунанд, уҳдадоранд, ки иттилоот дар бораи ВНМО-ро бе розигии шахс ба шахсони сеюм фош накунанд.
– Аз ин хотир, роҳбарони муассиссаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар кормандон уҳдадор ҳастанд, ки махфияти иттилоот дар бораи шахсони бо ВНМО зиндагикунандаро таъмин намоянд. Мувофиқи қисми 2 моддаи 162 Кодекси тандурустии ҶТ, иттилооти бадастоварда оид ба сирояти ВНМО махфӣ (яъне, сирри тиббӣ) ҳисобида мешавад ва барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст,-илова намуд ҳуқуқшинос.
Ҳангоми гирифтор шудан ба табъиз ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Зебо Қосимова тавсия медиҳад, ки дар ҳолати рад шудани таҳсили кӯдаки бо ВНМО зиндагикуананда падару модар ва ё намояндаи қонунии кӯдак метавонанд ба Вазорати маориф ва ё Прокуратураи генералӣ оиди табъиз муроҷиат намояд.
Ҳамзамон, ӯ дар такя ба Қонуни ҶТ “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ки моҳи июли соли 2022 кабул гардидааст, гуфт, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз ба ҳисоб меравад, ки онҳо метавонанд ба ин мақомоти давлатӣ муроҷиат кунанд.
– Ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва ё қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд,-иброз намуд ҳуқушинос.
Чӣ бояд кард?
Алиҷон Солиев, намояндаи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар суҳбат бо мо гуфт, онҳо соли 2015 таҳқиқоте миёни ҷавонон анҷом доданд, ки дар он сатҳи маълумотнокии ҷавонон оид ба ВНМО 53 дарсадро ташкил дод. Яъне 53 фисади ҷавонони кишвар тарзи гузаштани ВНМО ва роҳҳои пешгирии онро дуруст арзбӣ карданд. Аммо соли 2020, яъне пас аз гузашти панҷ сол ҳамин гуна таҳқиқот гузаронида шуд, ва ин нишондиҳанда ба 14 дарсад расид. Яъне сатҳи маълумотнокии ҷавонон оид ба ВМНО 3,5 маротиба паст шудаааст.
Мутахассисон низ аз он нигаронанд, ки бархе аз кормандони соҳаи маориф дар бораи ВНМО огоҳии кофӣ надоранд ва ин боис мегардад, ки нисбати шахсони бо ВНМО зиндагикунанда бархӯрдҳои манфӣ, аз ҷумла табъиз раво дида шавад.
Дар ин бора Парвина Сулаймонӣ, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамсол бо ҳамсол” зимни баргузории як чорабиние, ки вобаста ба дастрасии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба таҳсил доир гардид, зикр кард, ки барои баланд бардоштани маълумотнокии хонандагони мактаб аввалан худи омӯзгорон ва баъдан донишҷӯён дар доираи фанҳои дарсӣ омӯзонида шаванд.
Номбурда таъкид намуд, ки моро зарур аст, ки ҳамчун ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ савияи дониши омӯзгорон ва хонандагонро дар ин самт баланд бардорем.
– Дар доираи ҳашт соати дарсие, ки дар мактабҳо оидба ба тарзи ҳаёт солим ҳаст, ба Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳод менамоем, ки барои дар амал татбиқ намудани пешгирии ВНМО миёни хонандагон омӯзиш гузаронанд. Ин интегратсияи ҳамин масоил бо тамоми фанҳо мебошад. Масалан, дар фанни биология дар бораи таркибаш гап задан, дар фанни география дар бораи географияи он ки чӣ паҳн мешавад, дар фанни таърих аз таърихи пайдошавии ВНМО. Яъне ин ҳам як қадами дигар аст, ки мо метавонем ҳамин тариқ ба дарсҳои расмӣ онро ворид намоем,-илова намуд ӯ.
Лариса Александрова, мутахассис оид ба масъалаҳои гендерии “Маркази ҳуқуқи инсон” пешниҳод менамояд, ки миёни кормандони муассисаҳои таълимӣ тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ вобаста ба ВНМО, табъиз ва масъалаҳои гендерӣ гузаронида шавад.
– Яке аз тавсияҳои дигаре, ки мехостам Вазорати маориф ва илми кишвар ба инобат гирад, ин омода намудани мутахассисони муассисаҳои таълимии кишвар дар масъалаҳои барҳам додани табъиз, баробарии гендерӣ, роҳҳои гузариши ВНМО ва чӣ гуна бо он зандагӣ кардан аст. Тавре таҷриба нишон медиҳад, на ҳамаи мутахассисони соҳаи маориф ин мавзӯъро дуруст мефаҳманд. Аз ин хотир, ба таҳсил фаро гирифтани худи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим аст,-гуфт ӯ.
Лариса Александрова ҳамчунин ёдовар шуд, ки Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон дар соли 2018 ва Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №475 аз 25 сентябри соли 2018, феҳристи бемориҳоеро муқаррар кардааст, ки онҳо ҳуқуқи таҳсил дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд, бекор кунад. Дар он миёни дигар бемориҳо шахсони бо ВНМО зиндагикунанда низ номбар шудааст, ки ин маҳдудият дар худ хусусияти табъизро дорад, зеро шахсони бо ВНМО зиндагикунанда метавонанд табобат гирифта, дараҷаи вирусии худро ба сифр расонанд ва зиндагии комил дошта бошанд.
Таҷрибаи дигар давлатҳо
Ҳамзамон, ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки дар кишварҳои дигар, шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар муассисаҳои тиббӣ кор мекунанд, аммо бо хун сару кор надоранд. Ӯ зикр кард, ки дар Русия ҷарроҳон, акушер-гинекологҳо, стоматологҳо ва дигар мутахассисони соҳаи тиб, ки бо хун сару кор доранд, пурсишҳои ҳатмии тиббиии ВНМО-ро мегузаранд.
Ӯ аз таҷрибаи судии Русия мисол оварда, гуфт, суди олии Русия ташхиси ҳатмии солонаи ВНМО барои кормандони тиб, ки бо ҷарроҳӣ сару кор доранд, бекор кард.
“Бо чунин даъво барои бекор кардани ин гуна санҷишҳо, доктори илмҳои тиб, раиси Агентии амнияти беморон ва экспертизаи мустақили тиббӣ Алексей Старченко муроҷиат кард. Зимни баррасии ин парванда Суди Олии Русия ҳамзамон андешаҳои намояндагони Ҳукумати Русияро шунида, чунин изҳор дошт: “Агар дар пас аз ташхис ВНМО муайян шавад, ин маънои онро надорад, ки ӯро аз кор пеш мекунанд. Барои ӯ танҳо дастрасии хун маҳдуд мешавад, аммо кораш боқӣ мемонад”, – гуфт ин коршиноси тоҷик.
Инчунин ӯ гуфт, ки вазъият дар кишварҳои дигар низ ҳамин гуна аст, афроди бо ВНМО зиндагикунанда дар соҳаи тиб кор мекунанд, аммо дар ихтисосҳое, ки бо хун иртибот надорад.
– Мушкили асосӣ дар муассисаҳои тиббии мо риоя нагардидани қоидаҳои муқаррарии санитарию эпидемиологӣ – санитаризатсияи асбобҳои тиббии такрористеъмол, истифода бурдани асбобҳои тиббии якдафъаина мебошад. Агар ҳамаи ин меъёрҳо риоя мешуданд, имкон дошт, ки 58,9 дарсад кӯдаконе, ки аз роҳҳои номаълум бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар Тоҷикистон роҳҳои гузаришашон муайян карда мешуд,-илова намуд номбурда.
Дар ин бора, дар Барномаи миллии мубориза бо ВНМО/БПНМ барои солҳои 2021-2025 гуфта мешавад, ки “дар маҷмӯъ, 695 кӯдак бо ВНМО зиндагикунанда ба қайд гирифта шудааст, ки бо роҳҳои номаълум гирифтори ВНМО шудаанд, ки 58,9% аз шумораи умумии ҳолатҳои бо ВНМО зиндагикунандаро кӯдакони то синни 14-сола ташкил медиҳад. Сарфи назар аз он, ки 695 ҳолат сабабҳои сироятёбии кӯдакон муайян карда нашудаанд, аммо омилҳои сироятёбии ВНМО дар беморхонаҳо истисно нестанд”.


