Иттиҳоди Аврупо раиси додгоҳи олӣ, вазирони адлия ва маорифи Толибонро таҳрим кард

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои тозаеро алайҳи чандин мақомдори баландпояи гурӯҳи Толибон* ҷорӣ кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин шӯро рӯзи панҷшнбе, 20-уми июл, бо нашри эъломиzе гуфтаааст, ки Абдулҳаким Ҳаққонӣ – раиси додгоҳи олии Толибон, Абдулҳаким Шаръӣ – вазири адлия ва Мавлавӣ Ҳабибулло – сарпарасти вазорати маорифи Толибонро ба […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои тозаеро алайҳи чандин мақомдори баландпояи гурӯҳи Толибон* ҷорӣ кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин шӯро рӯзи панҷшнбе, 20-уми июл, бо нашри эъломиzе гуфтаааст, ки Абдулҳаким Ҳаққонӣ – раиси додгоҳи олии Толибон, Абдулҳаким Шаръӣ – вазири адлия ва Мавлавӣ Ҳабибулло – сарпарасти вазорати маорифи Толибонро ба далели нақшашон дар “маҳрум кардани духтарон аз омӯзиш, таҳсил ва ҳуқуқи баробар бо мардон” таҳрим кардааст.

“18 нафар (ба шумули аъзои Толибон) ва 5 ниҳод ба далели масъулияти онҳо дар мавриди нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Афғонистон, Судони ҷанубӣ, Африқои марказӣ, Украина ва Русия таҳти таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтанд”, – омадааст дар эъломияи ин шӯро.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки “дар кишварҳои зикршуда ғайринизомён ба таври системавӣ мавриди хушунат қарор мегиранд ва афроде, ки ба тозагӣ таҳрим шуданд, аз маҳдудитҳо ба унвони абзоре барои эҷоди ваҳшат истифода мекунанд”.

Ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо алайҳи 12 нафар ва 5 ниҳоди нақзкунандаи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Русия маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Толибон то кунун дар мавриди ин маҳдудияти Иттиҳоди Аврупо вокунише нишон надодаанд.

Дар маҷмӯъ, дар саросари ҷаҳон 61 нафар ва 20 ниҳод то кунун таҳти таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, таҳримшудагон дар маърази масдудшудани дороиҳо ҳастанд ва ҳар гуна муомила бо онҳо мамнуъ буда, онон наметавонанд вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.