“Ба маркази тиҷорат ва наздики Вазорати дифоъ”. Ҳамлаи паҳподҳо ба Маскав

Сергей Собянин, раиси шаҳри Москав дар саҳифаи “Телеграм”-и худ хабар дод, ки субҳи имрӯз, 24-уми июл, ба пойтахти Русия тавассути паҳпод ё бесарнишин ҳамла шудааст. Ба иттилои шаҳрдори Маскав, паҳподҳо ба ду бинои ғайристиқоматӣ дар пойтахти Русия бархӯрдаанд. Дар пайи ин ҳамла, “талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”. Ин иттилоъро Вазорати дифои Русия низ тайид […]

Asia-Plus

Сергей Собянин, раиси шаҳри Москав дар саҳифаи “Телеграм”-и худ хабар дод, ки субҳи имрӯз, 24-уми июл, ба пойтахти Русия тавассути паҳпод ё бесарнишин ҳамла шудааст.

Ба иттилои шаҳрдори Маскав, паҳподҳо ба ду бинои ғайристиқоматӣ дар пойтахти Русия бархӯрдаанд. Дар пайи ин ҳамла, “талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Ин иттилоъро Вазорати дифои Русия низ тайид карда, хабар дод, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар субҳи душанбе ду паҳподи Украинаро дар фазои шаҳри Маскав нобуд кардаанд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба Хадамоти изтирорӣ хабар дод, ки яке аз паҳподҳо ба бинои маркази тиҷоратӣ дар хиёбони Лихачёви Маскав бархӯрдааст.

“Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – навишт ин манбаъ.

Хабаргузории ТАСС ҳамчунин хабар дод, ки дар хиёбони Комсомолский 17, дар маркази Маскав, дар наздикии бинои Вазорати дифоъи Русия, пораҳои як паҳподи дигар пайдо шудааст.

Ҳамлаи паҳподҳо ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи гузашта, 23-юми июл, нерӯҳои Русия ба шаҳри Одессаи Украина ҳамлаи мушакӣ карданд. Ба гуфтаи мақомоти ҳарбии Украина, дар ҷараёни ҳамла аз 19 мушак истифода шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳамла инфрасохтори бандар, биноҳои истиқоматӣ ва ёдгориҳои меъморӣ осеб дида, калисои Спасо-Преображенский, бузургтарин калисои православии Одесса қисман хароб шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ин ҳамла як нафар ба ҳалокат расидааст. Ба навиштаи хабаргузории Meduza Вазорати дифои Русия ҳамла ба ин шаҳрро таъйид кард, аммо ҳадаф қарор гирифтани маъбадро рад кардааст.

Бояд гуфт, ки аз 18-уми июл, баъди ҳамла ва таркиш дар пули Қрим, Русия ба иншооти зерсохтори бандарӣ дар ҷануби Украина, аз ҷумла дар шаҳри Одесса ҳамла карда, онҳоро "қасос" барои таркиш дар пули Қрим номид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.