Боздошти ронандае, ки зани роҳрӯбро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор намуд

Дирӯз, 23-юми июл, ҷавони 22-солаи сокини пойтахт бо мошини тамғаи “БМВ” зани 54-солаи роҳрӯбро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 5:10 дақиқаи субҳи рӯзи 23-юми июл, дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 23-юми июл, ҷавони 22-солаи сокини пойтахт бо мошини тамғаи “БМВ” зани 54-солаи роҳрӯбро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 5:10 дақиқаи субҳи рӯзи 23-юми июл, дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ рух додааст.

“Ронанда як корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – менависад РВКД.

Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян гардидааст, ки садамаи мазкурро Умарҷон Раҷабови 22-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 19 67 RT 01, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.

Гуфта мешавад, номбурда баъд аз садамаи нақлиётӣ бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро ба кӯчаи Қаҳҳоров бурда пинҳон кардааст.

Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ронанда Умарҷон Раҷабов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.