Дар Тоҷикистон аз 1-уми август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад. Ба синфи ибтидоӣ онҳое пазируфта мешаванд, ки то охири соли 2016 таваллуд шудаанд. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш идома дорад.
“Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба имзо расидааст ва тибқи он, номнависи хонандагон барои қабул ба синфи якум аз 1-уми август оғоз мешавад”, – гуфт Наврӯзи Мирзо.
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм таъкид кард, ки “имсол кӯдаконе, ки то 31-уми декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1-уми январи соли 2017 ва баъди он таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад”.
“Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯдакон ба синфи якум ройгон қабул карда мешаванд. Дар ҳолати аз ҷониби масъулин талаб намудани маблағ волидайн метавонанд, ки ба рақами боварии Вазорати маориф ва илм – 227 76 86 занг зада, шикоят кунанд”, – гуфт Наврӯзи Мирзо.
Бояд гуфт, ки тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илм, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин лозим аст:
- варақаи шахсии хонанда;
- ду дона расми 3х4;
- аризаи волидайн барои қабул;
- шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;
- маълумотномаи тиббӣ;
- ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;
- шаҳодатномаи ақди никоҳи волидайн;
- маълумотнома аз ҷой зист.
Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон расман рӯзи 1-уми сентябр оғоз мешавад.


