Вазирони дифои Тоҷикистон Туркия мулоқот ва созишнома имзо карданд

Вазоратҳои дифои Тоҷикистону Туркия созишнома дар бораи ҳамкориҳои дифоӣ ва протоколи иҷрои кӯмакҳои молиро имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ медиҳад. Созишномаи мазкур дар ҳошияи 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати дифоъ – DEF 2023, ки аз 25 то 28-уми июл дар Туркия баргузор мешавад, аз ҷониби вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва вазири дифои […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Вазоратҳои дифои Тоҷикистону Туркия созишнома дар бораи ҳамкориҳои дифоӣ ва протоколи иҷрои кӯмакҳои молиро имзо карданд. Дар ин бора хабаргузории Анадолу иттилоъ медиҳад.

Созишномаи мазкур дар ҳошияи 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати дифоъ – DEF 2023, ки аз 25 то 28-уми июл дар Туркия баргузор мешавад, аз ҷониби вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва вазири дифои Туркия Яшар Гулер имзо гардидааст.

Бар асоси ин тавофуқ, Тоҷикистон ва Туркия тааҳҳуд кардаанд, ки дар заминаи масоили дифоӣ ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар заминаи ҳифзи марз ва мубориза бо терроризмро ба роҳ монанд.

Ин иқдом ба манзури таҳкими амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шуда, манофеи мутақобилаи ду кишварро дар густариши ҳамкориҳо таъйид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас накардааст, ки санади имзошуда чиро дар бар мегирад.

IDEF яке аз даҳ бузургтарин намоишгоҳи саноати дифоъ дар ҷаҳон ва яке аз муҳимтарин намоишгоҳҳои аслиҳа дар Аврупо мебошад.

Дар намоишгоҳи IDEF имкони шиносоӣ бо технологияҳои муосири дифоӣ ва намунаҳо дар бахшҳои мухталифи маҷмааи ҳарбӣ-саноатӣ, навтарин коркардҳои техникаи ҳарбӣ, ки барои содирот ба бозори ҷаҳонии аслиҳа пешниҳод карда мешавад, фароҳам оварда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.