Натиҷаи имтиҳонҳои ММТ маълум шуд. Қариб 60 ҳазор нафар комёб шуданд

Имсол аз 74 ҳазору 601 хатмкунандаи синфи 11, ки ба Маркази миллии тестӣ барои шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида буданд, 51 ҳазору 711 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд. Нафарони донишҷӯшуда шаби 25-уми июл тариқи паёмак огоҳ карда шуданд. Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба […]

Имсол аз 74 ҳазору 601 хатмкунандаи синфи 11, ки ба Маркази миллии тестӣ барои шомил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида буданд, 51 ҳазору 711 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд. Нафарони донишҷӯшуда шаби 25-уми июл тариқи паёмак огоҳ карда шуданд.

Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба қавли ӯ, соли ҷорӣ 14 ҳазору 80 нафар хатмкардаи синфи 9-ум ба ММТ ҳуҷҷат супорида, 7 ҳазору 412 нафар ба муассисаҳои олии миёна роҳхат гирифтаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки соли гузашта 82 ҳазору 718 нафар аз ҳисоби хатмкунандаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 барои супоридани имтиҳон дар ММТ  ба қайд гирифта шуданд. Дар ниҳоят, баъди ҷамъбасти имтиҳонҳо, 51 ҳазору 809 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва 6 ҳазору 179 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба донишгоҳҳову коллеҷҳо роҳхат гирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.