“Натарс, хомӯш мабош!”: “Азия-Плюс” аввалин сериали худро ба навор мегирад

"Азия-Плюс" ба наворбардории веб-сериали "Малика" оғоз кард. Муддати чанд моҳ даста рӯи мазмуну мундариҷаи лоиҳа кор карда, мехоҳад ин сериалро на танҳо ҷолибу муассир таҳия намояд, балки талош хоҳад варзид, ки он инъикоскунандаи воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон бошад. "Мо ҳанӯз аввали ҳамин сол корро рӯйи лоиҳа оғоз намуда, вариантҳои гуногун баррасӣ шуданд – аз мелодрама то […]

Asia-Plus

"Азия-Плюс" ба наворбардории веб-сериали "Малика" оғоз кард. Муддати чанд моҳ даста рӯи мазмуну мундариҷаи лоиҳа кор карда, мехоҳад ин сериалро на танҳо ҷолибу муассир таҳия намояд, балки талош хоҳад варзид, ки он инъикоскунандаи воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон бошад.

"Мо ҳанӯз аввали ҳамин сол корро рӯйи лоиҳа оғоз намуда, вариантҳои гуногун баррасӣ шуданд – аз мелодрама то комедия. Дар ниҳоят, тасмим гирифтем, ки ин як қиссаи воқеии детективӣ хоҳад буд”, – мегӯяд Исмоил Зибоӣ, продюсери сериал.

Веб-сериали “Малика” детективи ҷолибу ҳаяҷоноварест бо мазмуну мундариҷаи иҷтимоӣ, ки аз 6 серияи кӯтоҳмуддат иборат аст.

Дар он оид ба эҳтимолияти гумроҳкунанда будани маълумоти ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чӣ гуна қурбонии тасвири қалбакии "зиндагии зебо" шудан қисса мешавад. Тамошобин дар якҷоягӣ бо қаҳрамонҳои филм дарк хоҳад кард, ки дар ҷаҳони муосир малакаи саводнокии расонаӣ, фарқ кардани дурӯғ аз ҳақиқат дар интернет ва ташаккули тафаккури интиқодӣ то чӣ андоза муҳим аст.

Ҳамчунин, дар филм нақшаҳои қаллобии ҷинояткорони муосир нишон дода шуда, барои тасвири воқеият доштани чунин ҳодисаҳо, таҳиягарон бо саргузашти воқеии ҷабрдидагон аз наздик шинос шуданд ва аз ҳуқуқшиносони варзида, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон машварату тавсияҳо гирифтанд.

Қаҳрамони асосии сериал Малика, духтари ҷавоне аз деҳа аст, ки ба доми қаллобон меафтад.

Малика ба ваъдаи кори осон ва маоши хуб дар хориҷа бовар карда, бо хатари қурбони ҳодисаи хариду фурӯши одамон шудан рӯбарӯ мешавад. Ҳарчанд ин барои тамошобин як қиссаи ҳаяҷоновар аст, аммо барои бисёре аз духтарони тоҷик – як воқеияти хатарнок аст, зеро ҷинояткорон маҳз ҳамин тавр онҳоро ба доми худ меафтонанд.

Дар муқоиса бо бисёре аз ҳамсолони худ, ки ба доми маккоронаи қаллобон афтода буданд, Малика аз хатар натарсида, муқобили ҷинояткорон ҳам муборизаи оштинопазир мебарад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ибораи “Натарс, хомӯш мабош!” шиори сериал интихоб шуд.

Таҳиягарон оид ба тақдири минбаъдаи қаҳрамонон маълумоти пурра намедиҳанд, ва мегӯянд, тамошобинон инро худашон хоҳанд дид.

Дар марҳилаи омодагӣ ба наворбардорӣ ба интихоби актёрон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷустуҷӯи ҳунарпеша барои нақши асосии Малика мушкил буд, аммо дар ниҳоят, қаҳрамони асосӣ дар он ҷое пайдо шуд, ки касе интизор набуд. Нақшро як духтари одӣ Таҳмина иҷро мекунад, ки таҷрибаи нақшофарӣ дар киноро надорад. Бо вуҷуди ин, маълумоти равоншинос доштан ба ӯ имкон дод, ки ба нақш одат карда, эҳсосоти гуногунро ба таври боварибахш ифода кунад.

Нақши бадкирдори асосии сериал – одамфурӯш, ки дилрабо, вале бераҳм аст, низ муҳим аст. Ин нақшро ҳунарпешаи варзидаи касбӣ Бароҳат Шукурова, ки дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография (ВГИК) таълим гирифтааст, иҷро мекунад.

Наворбардории сериал босуръат ҷараён дошта, нахустнамоиши он охири моҳи август дар назар аст. Шунавандагони хуштолеъи радиои "Азия-Плюс" ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии гурӯҳи расонаҳо бо дарёфти чиптаҳо дар викторинаҳо метавонанд ба маросими муаррифии сериал роҳ ёбанд.

Зимнан, ба ҳайати таҳиягарони ин сериал чеҳраҳои ҷавон, вале дурахшон ва боистеъдоди синамои тоҷик шомиланд.

Коргардони сериал Далер Раҳматов мебошад, ки ба тамошобин бо корҳое дар сериали “Дӯкон”, филми мазҳакавии “Воздушный Сафар”, филмҳои «Пусть все окажется сном», «Овора» ва бисёре дигарҳо шинос аст.

Ба сифати коргардони дуюми даста Азиз Сатторӣ кор мекунад, ки хатмкардаи ВГИК, иштирокчии Berlinale Talent Campus 2011 ва Cinetrain 2013 мебошад.

Продюсери сериал Исмоил Зибоӣ мебошад, ки ба мардум аз рӯи кораш бо коргардон Аниса Собирӣ (“Плач танбура”, “Ритмы утраченного времени”) шинос аст.

Сенарияи сериалро рӯзноманигори ҷавон Азамат Зиёев навиштааст, ки дар Донишкадаи кино ва телевизиони Санкт-Петербург бо ихтисоси “драматургия” таҳсил кардааст.

Хабарҳои моро пайгир бошед ва имкони тамошои нахустнамоиш ва шахсан шинос шудан бо ситораҳои сериал ва таҳиягарони онро аз даст надиҳед!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.