КҲФ аз боқӣ мондани хатари селфароиҳо ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар як қатор ноҳияҳои ғарби ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани селҳо дар назар дошта шудааст. Ба иттилои Кумита бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 1-2 август бар асари об шудани пиряхҳо ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода аз офати табиӣ аз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар як қатор ноҳияҳои ғарби ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ омадани селҳо дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои Кумита бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 1-2 август бар асари об шудани пиряхҳо ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода аз офати табиӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. 

Ба сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.

“Ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунед, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад”, – хоҳиш кардааст Кумита аз аҳолии кишвар.

Ба ронандагону кӯҳнавардон ва сайёҳон зимни ҳаракат бо дучарха (велосипед) тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти шадиди рӯзи 28 июл дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Исфара сел омад.

Дар ҷамоати деҳоти Урметан ба хонаҳои сокинон, роҳҳои маҳаллӣ ва иншооти ёрирасон зарар расонида шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин офати табиӣ 161 хоҷагӣ осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.