Дар Тоҷикистон ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ ва таҷовуз ба номус хеле зиёд шудааст

Ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,2% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омор бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли равон 34 ҳолати хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 4 ҳодисаро ташкил […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,2% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омор бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли равон 34 ҳолати хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 4 ҳодисаро ташкил медод.

Ҳамчунин дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳолатҳои одамрабоӣ (16,7%), роҳзанӣ (50%), таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он (13,6%) низ афзудааст.

Шумори ҷиноятҳои иқтисодии сабтшуда, ки асосан ба саркашӣ аз пардохти андоз марбутанд, ба андозаи 6,2% зиёд шудааст.

Бақаййдгирии ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ба андозаи 3,8% – аз 52 ҳолат дар нимсолаи аввали соли 2022 то ба 54 ҳолат дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июни соли 2022 сабти ҷиноятҳо дар маҷмӯъ 7% коҳиш ёфтааст – аз 12,5 ҳазор то 11,6 ҳазор ҳолат.

Дар ин давра ба миқдори 11,7% – аз 2825 то 2497 ҳодиса камтар ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст.

Дар сохтори минтақавӣ сабти ҷиноятҳо дар ВМКБ (16%) нисбатан камтар шудааст. Дар вилояти Хатлон содир шудани ҷиноятҳо 9,6%, Ноҳияҳои тобеи марказ – 8,8%, шаҳри Душанбе – 7,1% ва вилояти Суғд – 1,6% коҳиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.