Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: “Хонаҳои Бег Сабур”-ро ба истифода медиҳем”

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон бо ташкили як комиссияи вижаи корӣ мустаҳкамии биноҳои ширкати “Комил-2010”-ро, ки гуфта мешавад ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, месанҷад ва баъд онро ба истифода медиҳад. Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар имрӯз, 2-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, воқеан, биноҳои дар маҳалли Зарнисори […]

Asia-Plus

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон бо ташкили як комиссияи вижаи корӣ мустаҳкамии биноҳои ширкати “Комил-2010”-ро, ки гуфта мешавад ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, месанҷад ва баъд онро ба истифода медиҳад.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар имрӯз, 2-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, воқеан, биноҳои дар маҳалли Зарнисори пойтахт бунёдкардаи ширкати “Комил-2010” камбудӣ доранд. Кумита тамоми биноҳои ин ширкатро аз ташхис мегузаронад ва танҳо баъди гирифтани хулосаи мутахассисон он биноҳо барои истифода дода мешавад.

“Вобаста ба мустаҳкамии бино, хулосаи мутахассисонро мегирем, дар ҷое ки мустаҳкам кардан лозим аст, мустаҳкам мекунем, дар ҷое ки камбудӣ бошад, онро ислоҳ мекунем. Аз ҷиҳати мустаҳкамӣ агар ба талабот ҷавобгӯй бошад, мо онҳоро ба истифода медиҳем. Чунки аксари хонаҳоро сокинон харидаанд ва ҳатто дар он зиндагӣ мекунанд. Ҷои баҳс нест, ки оянда ин биноҳо мустаҳкамии худро таъмин мекунанд”, – иброз дошт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Ӯ дар робита ба мустаҳкамии ин хонаҳо гуфт, зилзилаи чанд соли охир исбот кард, ки онҳо ба зилзилаҳо тобоваранд. Мушаххасан кадом зилзиларо дар назар дорад, маълум нест.

Баҳси хонаҳои ширкати “Комил 2010”, ки гуфта мешавад, ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рабт дорад, чанд сол аст идома дорад. Санҷиши комиссияи вижаи Кумитаи сохтмон ва шардорӣ низ давом дорад.

Роҳбарияти пешини Кумитаи мазкур гуфта буданд, ки ин ширкат дар рӯйхати сиёҳи шаҳрдорӣ қарор дорад ва дигар ба ӯ иҷозаи сохтмони нав нахоҳанд дод.

Тобистони соли гузашта шаҳрдории Душанбе низ гуфта буд, “дар ҳақиқат дар кори ин ширкат камбудиҳо ҳаст ва гурӯҳи корӣ барои рафъи онҳо талош дорад”.

– Мо як маротиба бо пудратчӣ суҳбат кардем ва оиди ин масъала кор идома дорад. Ин камбудиҳо ҳатман бартараф мешаванд ва ин биноҳо ҳам дар доираи талаботи шаҳрдорӣ ба истифода дода мешавад. Гурӯҳи корӣ кор карда истодааст, – афзуда буд Ҷамшуд Табарзода, могвини аввали раиси шаҳр.

Гурӯҳи корӣ ба чӣ натиҷа омад, ҳоло маълум нест.

Ширкати "Комил-2010", ки расман ба номи писари Бег Сабур номнавис шудааст, яке аз ширкатҳои фаъоли сохтмонӣ дар бозори бунёди хонаҳои истиқоматӣ аст, ки солҳои ахир аз сифати кори ин ширкат шикоятҳо зиёд шудаанд. Вале аз сабабе, ки арзиши манзилҳо дар он биноҳо дастрас аст, мардум аз онҳо зиёд харидорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст