Боздошти 4 нафаре, ки дар ҷанҷоли гурӯҳӣ дар Русия иштирок кардаву 2 тоҷикистонӣ кушта шуданд

Кормандони пулис 4 тан аз зодагони Осиёи Марказиро, ки ба иштирок дар ҷанҷоли гурӯҳӣ бо истифода аз корд дар Чехов рӯзи 31 июл гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд. Он замон 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда буданд, хабар медиҳад lopasnya.ru. Айни замон 4 нафар хориҷиёни синни аз 24 то 30-сола боздошт шуданд. Ояндаи наздик онҳо […]

Asia-Plus

Кормандони пулис 4 тан аз зодагони Осиёи Марказиро, ки ба иштирок дар ҷанҷоли гурӯҳӣ бо истифода аз корд дар Чехов рӯзи 31 июл гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд. Он замон 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда буданд, хабар медиҳад lopasnya.ru.

Айни замон 4 нафар хориҷиёни синни аз 24 то 30-сола боздошт шуданд. Ояндаи наздик онҳо ба мақомоти тафтишот бурда мешаванд.

Шаҳрванди кадом давлат будани онҳо мушаххас гуфта намешавад.

Аммо боздоштшудаҳо, тибқи маълумоти пешакӣ, низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Аз сафорати Тоҷикистон ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додаанд, ки дар ҷанҷолу занозанӣ 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд: “Онҳо ба ҳамдигар занозанӣ кардаанд”.

“Дар муноқишаи мазкур 10 нафар иштирок карда, 2 каси онҳо инҳон шуданд ва боқимонда ҳозир дар шуъбаи Кумитаи тафтишот дар ноҳияи Чехов бозпурсӣ мешаванд. Аз иштирокчиёни ҷанҷол 2 нафар ҳалок шуда, ҳолатҳои дигари ин ҳодиса таҳқиқ мешаванд”, – гуфтаанд дар сафорат ва зикр кардаанд, ки иштииокчиёни муноқиша шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Тавре ки нашрияи «Московский Комсомолец» хабар медиҳад, яке аз кушташудагон Далер Тағоеви 28-сола мебошад.

Тағоев чанде пеш ба вилояти Маскав омада, ба фурӯши масолеҳи сохтмон машғул будааст ва барои ин кор бо бародараш автомашинаи “Лада-Самара” харидаанд (кушташудагон маҳз дар назди мошини дар таваққуф гузошта дарёфт шуда буданд).

Нашрия зикр мекунад, ки нафари кушташудаи дуюм дар ҷараёни ҷанҷол ҳамноми ӯ будааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷанҷолу занозанӣ бо истифода аз корд шоми 31 июл дар шаҳри Чехови вилояти Маскав рух дод. Пеш аз ҳодиса яке аз ҳалокшудагон дар қаҳвахонаи назди маркази савдои “Карнавал” мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Баъдан ӯ қасос гирифтан хоста, ҳаммаслаконашро ҷамъ мекунад, вале ҳалок мешавад. Дар натиҷа аз ҷанҷол якчанд нафар осеб дида, 2 кас аз захмҳои корд ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.