Қариб нисфи содирот аз Тоҷикистон кам шуд. Сабаб ҷустем

Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 678,6 млн доллар молу маҳсулот фиристод, ки 44,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Директори Агентии содироти ҷумҳурӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуоти имрӯз, 8 август хабар дод, ки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 678,6 млн доллар молу маҳсулот фиристод, ки 44,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Директори Агентии содироти ҷумҳурӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуоти имрӯз, 8 август хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2023 маблағи содироти маҳсулоти саноатӣ ҳамроҳ бо неруи барқ 654,5 млн долларро ташкил додааст.

Ӯ ин рақамро бо ҳамин давраи соли гузашта муқоиса накард, лекин тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, ин 44,2% камтар аз ҳаҷми соли пешин аст.

Чӣ бештар содир шудааст

Сироҷиддинзода 5 молу маҳсулотеро номбар кард, ки содироти онҳо дар муқоиса бо нимсодаи аввали соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, содироти маснуоти мис 4,8 баробар афзуда, 5,2 млн долларро ташкил дод. Содироти орди гандум 1,5 баробар (1,4 млн доллар), нӯшокиҳои гуногун, аз ҷумла оби минералӣ – 2 баробар афзуда, даромад аз он 2,3 млн долларро ташкил дод.

Ғайр аз ин, содироти пӯст 57 % (1,2 млн доллар) ва маснуот аз пахта – 30% (1,3 млн доллар) ба таври назаррас зиёд шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ 24 млн 149 ҳазор долларро ташкил дод, ки қариб 3,6 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Ба шумори 5 маҳсулот, ки дар сохтори содирот назаррасанд, пиёз (ҳудуди 53 ҳазор тонна ё худ 51,3% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ), хушкмева (ҳудуди 24 ҳазор тонна), зардолу (8,9 ҳазор тонна), ангур (8,3 ҳазор тонна) ва олу (8,9 ҳазор тонна) шомил шудаанд.

Коҳиши даромад аз содироти маҳсулоти саноатӣ ба поинравии нарх ба фулузот (металлҳо)-и ранга, аз ҷумла, алюминий, пахта, дигар навъҳои ашёи хом вобаста аст, хабар дода буд қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир.

Ҷойи нигаҳдорӣ нест

Дар робита ба маҳсулоти кишоварзӣ бошад, пас талабот ба он баланд боқӣ монда, умедворӣ ҳаст, ки дар нимсолаи дуюм камбудро рӯйпӯш мекунад.

“Дар мо қисмати зиёди сабзавоту мева бо сабаби мавҷуд набудани имконияти нигаҳдории онҳо талаф меёбад, – зикр кард роҳбари Агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода. – Барои ин марказҳои чаканаи логистикӣ сохтан лозим аст. Ҳозир бо кишварҳое чун Русия,, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси чунин марказҳо дар Тоҷикистон тавофуқҳо ҳосил шудаанд”.

Ғайр аз ин, Сироҷиддинзода дар бораи тавофуқҳо бо Ӯзбекистон дар мавриди истифодаи мошинҳои яхдондор (рефрижераторҳо)-и ин кишвар барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншаванда аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо хабар дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио