Дар Русия пешниҳод шуд, ки арзиши патент барои муҳоҷирон 4 баробар боло бурда шавад

Кумитаи буҷет ва андози Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти меҳнатӣ дар Русия пардохта мешавад, боло бурда шавад. Дар ин бора Kun.uz хабар медиҳад. Тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ аз ҷониби намояндагони ҳизби “Справедливая Россия” омода шудааст. Мувофиқи лоиҳаи қонун, ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби […]

Asia-Plus

Кумитаи буҷет ва андози Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти меҳнатӣ дар Русия пардохта мешавад, боло бурда шавад. Дар ин бора Kun.uz хабар медиҳад.

Тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ аз ҷониби намояндагони ҳизби “Справедливая Россия” омода шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти меҳнатӣ дар Русия пардохта мешавад, то 4800 рубл (ҳозир 1200 рубл) зиёд мешавад.

Дар шарҳи он зикр мешавад, ки ахиран нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар Русия ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеаи Русия равшан зоҳир мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия омадаанд, ба 3,47 млн нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 90%-и муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон омадаанд.

Дар як сол шумори далелҳои ба қайди муҳоҷират гузоштани хориҷиён бо назардошти дароз кардани муҳлати қайд ва дубора ба қайд гузоштан 11,8 млн нафарро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио