Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи Арманистону Қирғизистонро меомӯзад

Date:

Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таҷрибаи Арманистон ва Қирғизистонро меомӯзад, зеро вазъи иқтисодии ин ду давлат ба кишвари мо монандиҳо доштааст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ба таъкиди вазир, Гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи мазкурро то ҳол омӯхта истодааст ва ҳар тасмими эҳтимоли воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО аз нуктаи назари манфиати иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

Баҳси воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО, созмони зери назорати Русия  солҳост, ки идома дорад. Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқи Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сироҷиддин Муҳриддин

Аз ҷумла, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзҳои 5-6-уми июн дар Душанбе зимни суханрониаш дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дубора аз бартариҳои узвияти эҳтимолии Тоҷикистон дар ИИАО лаб кушод.

Баъдан Шоҳин Самадӣ, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки Душанбе “айни замон масъалаи узвияти эҳтимолиро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) баррасӣ надорад”.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз фишорҳои охир болои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия низ маҷбур кардани Тоҷикистон барои шомил шудан ба ИИАО аст.

Вале чунин масъалагузориро имрӯз, 15-уми август дар нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин нодуруст гуфт ва афзуд, ки бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамтаи мо бо Русия фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...