Толибон фаъолияти ҳамаи аҳзоби сиёсиро дар Афғонистон манъ карданд

Ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсиро дар Афғонистон манъ карда, изҳор дошт, ки кори онҳо мухолифи шариат аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 август дар Кобул вазири адлия дар ҳукумати Толибон Абдул Ҳаким Шароӣ хабар додааст, менависад Дойче Велле. “Дар кишвар барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ асосҳои шариат нест. Онҳо дар […]

Asia-Plus

Ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсиро дар Афғонистон манъ карда, изҳор дошт, ки кори онҳо мухолифи шариат аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 август дар Кобул вазири адлия дар ҳукумати Толибон Абдул Ҳаким Шароӣ хабар додааст, менависад Дойче Велле.

“Дар кишвар барои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ асосҳои шариат нест. Онҳо дар хидмати манфиатҳои миллӣ нестанд ва мардум онҳоро қадр намекунад”, – иброз доштааст вай.

То замони дубора зери назорати Толибон қарор гирифтани кишвар, дар Вазорати адлияи Афғонистон зиёда аз 70 ҳизб ба қайд гирифта шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) аз ҷониби Толибон боздошт кардани рӯзноманигоронро дар шаш музофот тайи даҳ рӯзи гузашта хотиррасон кардаанд.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и озодии матбуот, ки аз ҷониби созмони “Рӯзноманигорони бидуни марз” таҳия шудаст, Афғонистон миёни 180 давлат зинаи 152-юмро ишғол намуда, Толибон “яке аз бузургтарин душманони озодии матбуот дар ҷаҳон” номбар шудаанд.

Ду сол пеш, 15 августи соли 2021 ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Толибон ҳамагӣ пас аз ду ҳафати хуруҷи Неруҳои байнулмилалии мусоидат ба амният (ISAF) таҳти роҳбарии НАТО аз Афғонистон, кишварро зери назорати худ гирифтанд.

“Ҷомеаи Афғонистон рӯҳафтода ва хаста шудааст. Иқтисод дар ҳоли таназзул қарор дорад. Зиёда аз 20 млн нафар дар ҳоли қашшоқӣ умр ба сар бурда, барои зинда мондан мубориза мебранд”, – зикр кардааст Ҳушал Осафӣ, рӯзномнаигор ва собиқ роҳбари ширкати телевизиону радиои Ariana.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.