Қарзи истифодаи барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомониро ташкил дод

То 1 июли соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи истеъмолгарон аз барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 293 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”. Аз ҷумла, аҳолӣ аз истифодаи барқ ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (138 млн доллар) қарздор аст, ки қариб 47% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 июли соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи истеъмолгарон аз барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 293 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.

Аз ҷумла, аҳолӣ аз истифодаи барқ ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (138 млн доллар) қарздор аст, ки қариб 47% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти болоравии арзиши барқ, қарзи аҳолӣ аз он дар нимсолаи аввал 4,2 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Қарзи корхонаҳои зерин нисбатан зиёдтар аст:

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» – 276 млн сомонӣ;

– КВД «Обу корез» – 90 млн сомонӣ;

– ҶСК «НБО Роғун» – 31,7 млн сомонӣ;

– ҶСК «Тоҷик семент» – 10,7 млн сомонӣ.

Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар маҷмӯъ 84 млн сомонӣ, корхонаҳои таъмиру-истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 50 млн сомонӣ, ҶСК “Помир Энержи” – 1,8 млн сомонӣ ва дигар истеъмолгарон – ҳудуди 1,7 млд сомонӣ қарздор шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамеша вақти нашри чунин маълумот аҳолии ҷумҳурӣ изҳори норозигӣ мекунад. Мардум дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ин қарзҳои ҳангуфт ҷамъ мешаванд – вақте агар дар пардохти пули барқ таъхир шавад, ба хонаводаҳо интиқоли он қатъ мешавад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” қаблан зикр карда буданд, ки қисми асосии қарзи аҳолӣ дар замони пеш, асосан дар солҳои 90-ум ҷамъ шудааст.

Аммо чунин иддаъо бо омори расмӣ рад мешавад: қарзи истеъмолгарони маишӣ аз 1 млрд сомонӣ дар аввали соли 2019 то ба 1,5 млрд сомонӣ дар аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ афзудааст.

Дар аввали соли равон ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” дар бораи ошкор шудани истеъмолгарони вуҷуднадоштаи барқ хабар дод.

Дар хабар зикр мешуд, ки солҳои пешин истифодаи ҳаҷми зиёди барқро ба истеъмолгарони маишӣ нисбат медоданд, ки воқеият надорад.

“Бо мақсади коҳиши талафоти барқ истеъмолгарони вуҷуднадошта ба барнома ворид карда шуданд, ки то имрӯз барои фаъолияти дурусти он монеъа эҷод мекунад”, – зикр карда буданд дар ширкат.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аз соли 2021 баъди навсозии сохтори ШСХК “Барқи тоҷик” (тақсими он ба 3 ширктаи мустақил) ба фурӯши барқ дар Тоҷикистон машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио