“Бесоҳиб нест”. Пас аз аттестатсияи давлатӣ, дар Суғд 61 мактаб бе директор мондааст

Date:

Дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 мактаб бе директор мондааст. Баъзе директорҳо ба саволҳои оддитарини аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд. Дар ин бораи Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ, ҳафтаи гузашта иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 210 нафар директорон, омӯзгорон, мураббиён ва дигар кормандони соҳаи маориф аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, 503 нафар категорияи олӣ, 807 нафар категорияи якум ва 1 ҳазору 150 нафар категорияи дуюм гирифтанд.

Ба қавли Мадина Набизода, миёни нафарони аз аттестатсия гузашта, онҳое ҳам будаанд, ки натавонистаанд ба саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух диҳанд.

“Мутаасифона, баъзе директорони мактабҳо дар назди аъзои комиссия, ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар омада буданд, ба одитарин саволҳо ҷавоб дода натавонистанд. Ин боис гардид, ки чандеи онҳо аз вазифаи роҳбарии мактаб сабукдӯш шуданд”, – гуфт Мадина Набизода.

Ба ин тариқ, айни ҳол дар вилояти Суғд 61 мактаб директор надоштааст ва онҳоро нафарони иҷрокунандаи вазифа роҳбарӣ мекардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мадина Набизода

“Хабарҳое, ки гӯё давр вилояти Суғд 200 мактаб бе директор аст, асос надорад. Дар вилоят ҳамагӣ 61 мактаб директор надорад, аммо бо ин вуҷуд, онҳо бесоҳиб нестанд. Ба ҷойи директорон иҷрокунандагони вазифаҳо кор карда истодаанд”, – гуфт Мадина Набизода.

Ба қавли Набизода, айни замон ҷобаҷогузории кадрӣ дар шаҳру навоҳии Суғд  идома дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал мекунад ва дар он беш аз 570 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд. Теъдоди омӯзгорон дар вилоят 37 ҳазору 662 нафар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...