Имдодгарон ҷасади 2 нафар ғарқшударо аз об берун гирифтанд

Кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи 21 август ҷасади 2 нафари дар обҳо ғарқшударо дарёфт ва берун гирифтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон. Гуфта мешавад, ҳалокшудагон – сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент мебошанд. Дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи 21 август ҷасади 2 нафари дар обҳо ғарқшударо дарёфт ва берун гирифтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҳалокшудагон – сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент мебошанд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар обҳои кишвар қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз имдодгарон ба кӯчаи Муҳамммадиев 22-и пойтахт рафта, хатари марбут ба афтодани дарахтро, ки метавонист ба трансформатор осеб расонад, бартараф карданд.

Ҳамчунин рӯзи душанбе имдодгарон ба дархости яке аз сокинони пойтахт расидагӣ карда, як гурбаеро, ки дар симу қубурҳои таҳхонаи яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе дармонда буд, раҳо карданд.

Ғайр аз ин, шаби гузашта имдодгарони Кумита дар минтақаи Зарафшон ронандаеро, ки автомашинааш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд чаппа шуда буд, аз дохили мошин берун оварданд. Ронанда ба бемористон бурда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио