“Бесоҳиб нест”. Пас аз аттестатсияи давлатӣ, дар Суғд 61 мактаб бе директор мондааст

Дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 мактаб бе директор мондааст. Баъзе директорҳо ба саволҳои оддитарини аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд. Дар ин бораи Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ, ҳафтаи гузашта иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 210 […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 мактаб бе директор мондааст. Баъзе директорҳо ба саволҳои оддитарини аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд. Дар ин бораи Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ, ҳафтаи гузашта иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар вилояти Суғд 4 ҳазору 210 нафар директорон, омӯзгорон, мураббиён ва дигар кормандони соҳаи маориф аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, 503 нафар категорияи олӣ, 807 нафар категорияи якум ва 1 ҳазору 150 нафар категорияи дуюм гирифтанд.

Ба қавли Мадина Набизода, миёни нафарони аз аттестатсия гузашта, онҳое ҳам будаанд, ки натавонистаанд ба саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух диҳанд.

“Мутаасифона, баъзе директорони мактабҳо дар назди аъзои комиссия, ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар омада буданд, ба одитарин саволҳо ҷавоб дода натавонистанд. Ин боис гардид, ки чандеи онҳо аз вазифаи роҳбарии мактаб сабукдӯш шуданд”, – гуфт Мадина Набизода.

Ба ин тариқ, айни ҳол дар вилояти Суғд 61 мактаб директор надоштааст ва онҳоро нафарони иҷрокунандаи вазифа роҳбарӣ мекардаанд.

“Хабарҳое, ки гӯё давр вилояти Суғд 200 мактаб бе директор аст, асос надорад. Дар вилоят ҳамагӣ 61 мактаб директор надорад, аммо бо ин вуҷуд, онҳо бесоҳиб нестанд. Ба ҷойи директорон иҷрокунандагони вазифаҳо кор карда истодаанд”, – гуфт Мадина Набизода.

Ба қавли Набизода, айни замон ҷобаҷогузории кадрӣ дар шаҳру навоҳии Суғд  идома дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал мекунад ва дар он беш аз 570 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд. Теъдоди омӯзгорон дар вилоят 37 ҳазору 662 нафар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио