Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Қазоқистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26 август бо сафари корӣ ба Остона меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон. Гуфта мешавад, сафар бо даъвати сарвари Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев сурат мегирад. Дар доираи сафар гуфтушнидҳо дар сатҳи олӣ баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, дар соҳаи нақлиёту логистика ва ҳамкориҳо дар бахши […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26 август бо сафари корӣ ба Остона меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

Гуфта мешавад, сафар бо даъвати сарвари Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев сурат мегирад. Дар доираи сафар гуфтушнидҳо дар сатҳи олӣ баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, дар соҳаи нақлиёту логистика ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд.

Дар хабар зикр мегардад, ки сарони кишварҳо ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар доданд, дар бораи сафари мазкур ҳоло маълумоти муфассал дода наметавонанд. Дар ин ҷо ваъда доданд, ки аз ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон баъдан хабар хоҳанд дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.