Футбол. Тоҷикистон Қирғизистонро шикаст дод

Шоми дирӯз, 23-юми август, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола ё чемпионати CAFA-2023 дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 шикаст дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ гуфт, ҳамчунин дирӯз, мунтахаби Эрон аз дастаи Афғонистон 2 бар 1 шикаст хӯрд. Ҳоло […]

Шоми дирӯз, 23-юми август, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола ё чемпионати CAFA-2023 дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 шикаст дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфт, ҳамчунин дирӯз, мунтахаби Эрон аз дастаи Афғонистон 2 бар 1 шикаст хӯрд.

Ҳоло давраи сеюми мусобиқот идома дорад. Аз рӯи ҷадвали мусобиқот ҳоло Тоҷикистон дар ҷои аввал, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ҷои дуввум ва сеюм ва Қирғизистон дар ҷои охир қарор дорад.

Қаблан, дар давраи дуввум, мунтахаби Тоҷикистон дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда буд. Голҳоро дар ин бозӣ Муҳаммад Назриев ва Парвиз Бобоназаров заданд.

Ҳамчунин, дастаи Ӯзбекистон мунтахати Қирғизистонро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дода буд.

Дар марҳалаи якуми мусобиқот, рӯзи 20-уми август дастаи Ӯзбекистон дар даври аввал бар тими Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар бозии дигар футболбозони Афғонистон ба дарвозаи тими миллии Қирғизистон се голи беҷавоб заданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 27-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.

Барои иштирокчиён мусобиқаи дарпешистода як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 (U-17) ба ҳисоб меравад, ки моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Аз ин рӯ, дар мусобиқаи болозикр дастаҳои наврасони то 15-сола баромад мекунанд.

Дар доираи мусобиқа ҳамагӣ 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи холҳо муайян мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.