Боздошти зане, ки писарбачаро бераҳмона латукӯб мекард

Вазорати корҳои дохилии кишвар зане, ки писарандарашро берамҳона латукӯб мекард ва навори он дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард, боздошт кардааст. Ин ниҳод аз ин зан Гузалхон Буриеваи 34-сола, сокини деҳаи Шоғарави ноҳияи Қубодиён ном бурдааст, ки писарандари ноболиғашро латукӯб кардааст. ВКД нагуфтааст, ки нисбати ин зан бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии кишвар зане, ки писарандарашро берамҳона латукӯб мекард ва навори он дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард, боздошт кардааст.

Ин ниҳод аз ин зан Гузалхон Буриеваи 34-сола, сокини деҳаи Шоғарави ноҳияи Қубодиён ном бурдааст, ки писарандари ноболиғашро латукӯб кардааст.

ВКД нагуфтааст, ки нисбати ин зан бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст ва ё барои ин кирдор ӯро чӣ ҷазое интизор аст.

Онҳо танҳо гуфтаанд, “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Рӯзи 3-юми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби як кӯдак аз ҷониби зане паҳн шуд, ки хашми корбаронро овард ва онҳо аз мақомот талаб карданд, ки зан ҷазо дода шавад.

“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, – омадааст дар иттилоияи ВКД.

Ёдовар мешавем, ки давоми соли ҷорӣ чанд навори хушунати модар ё падар нисбати кӯдаки хурдсоли худ ва ҳатто латукӯби беҳармона аз сӯи онҳо расонаӣ шуд ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард.

Яке аз чунин модарон  Холиса Шоева, сокини ноҳияи Данғара ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд аст. Навори латукӯби кӯдак ба шавҳари собиқаш Сайфиддин Алиев мерасад ва падари кӯдак наворҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид.

Додситонии кул гуфт, нисбати Холиса Шоева барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ (моддаи 174 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон) парвадаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин банди қонунгузорӣ аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ё “маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати ду сол”-ро пешбинӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, дар шаш моҳ 7 модар фарзанди худро латукӯб кардаанд. Маълум нест ки онҳо боздошт шудаанд ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио