Бори нахуст беш аз 100 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ иштирок мекунанд

Барои нахустин бор беш аз 100 варзишгар Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Дилшод Назаров, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқа рӯзи 23-юми сентябр оғоз мешавад ва дар он варзишгарон аз рӯйи 40 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Дар […]

Барои нахустин бор беш аз 100 варзишгар Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Дилшод Назаров, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқа рӯзи 23-юми сентябр оғоз мешавад ва дар он варзишгарон аз рӯйи 40 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Дар 18 намуди он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

“Аксари федератсияҳои варзишии Тоҷикистон аллакай ҳайати дастаҳои мунтахаби миллиро оид ба намудҳои худ эълон кардаанд”, – гуфт Дилшод Назаров.

Ӯ афзуд, бори аввал аст, ки ба ҳайати тими Тоҷикистон оид ба муштзанӣ 13 варзишгар дар ҳамаи вазнҳо шомил аст.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, дар охирин бозиҳое, ки соли 2018 дар Индонезия баргузор шуд, варзишгарони Тоҷикистон 7 медал – як нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварда буданд.

“Аз сабаби омодагии нокифоя ман он вақт тиллоро аз даст додам. Умедворам, ки ин дафъа варзишгарони мо медалҳои бештар, аз ҷумла медалҳои тилло ба даст оранд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Барои нахустин бор дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба киберспорт ва брейк данс дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд. 

Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 2023 дар шаҳри Ханчжоуи Чин аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, дар он варзишгарон барои 481 медал аз рӯи 40 намуди варзиш мусобиқа мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 1994 то ба имрӯз дар 7 Бозиҳои осиёӣ ширкат карда, 28 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш тилло мебошад.

Се бор ҷоизаи олии Бозиҳои осиёиро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар солҳои 2006, 2010 ва 2014 ба даст оварда буд ва муштзан Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Қатар як медали тилло ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.