Кишварҳои Осиёи Марказӣ раванди боркашониро бо нақлиёти заминӣ соддатар мекунанд

Date:

Дар Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе лоиҳаи Созишнома оид ба таҳкими  вобастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ  ба имзо мерасад. Мулоқот рӯзҳои Душанбе 14-15 сентябри соли 2023 баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, мақсади имзои ин созишнома ба даст овардани муносибатҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мебошад, аз ҷумла:

– фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиети заминӣ;

– таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасониҳои нақлиетӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ;

– баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ;

– содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ;

– рушди хизматрасониҳои  муосири нақлиётию логистикӣ;

– татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамисозии раванди ҳамлу нақли заминӣ;

– ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои экологии нақлиёт.

Дар доираи Мулоқоти машваратӣ 13 сентябр вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа  бори аввал нишаст доир хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар ин нишаст, ки таҳти раёсати вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор мешавад,  вазири  нақлиёти Қазоқистон  Марат Карабаев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Тилек Текебаев (дар ҳоли мувофиқа аст), вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди  Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

Дар нишаст ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба  нақлиёт ва  логистика ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти муштаракро баррасӣ мекунанд.

“Дар Душанбе вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, барои онҳо барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод карда мешавад”, – зикр мешавад дар хабари Вазорати нақлиёт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...