Боздошти 5 шарҳванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Ӯзбекистон

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон 14-уми сентябр аз мусодираи беш аз 15 кг маводи мухаддир дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ва боздошти қочоқбарон, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Зикр мегардад, ки парвандаҳо ба ҳамдигар иртибот надоранд. Як шаҳрванди тоҷик ва ду шарики ӯ, сокинони ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах ҳангоми фурӯши беш аз 9,5 кило афюн […]

Asia-Plus

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон 14-уми сентябр аз мусодираи беш аз 15 кг маводи мухаддир дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ва боздошти қочоқбарон, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод.

Зикр мегардад, ки парвандаҳо ба ҳамдигар иртибот надоранд.

Як шаҳрванди тоҷик ва ду шарики ӯ, сокинони ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах ҳангоми фурӯши беш аз 9,5 кило афюн ба маблағи 55 ҳазор доллар боздошт шуданд.

Дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах боз се шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Аз онҳо қариб 3 кг ҳашиш мусодира шудааст. Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ боздошт шудааст, ки дар як муассисаи хӯрокворӣ дар шаҳри Даштобод онҳоро интизор будааст.

Илова бар ин, дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ, милитсия ва гумруки вилояти Қашқадарё дар назди посгоҳи БДА-и ноҳияи “Ширинбулоқ”-и ноҳияи Муборак як мошини тамғаи “Матиз” боздошт ва аз мусофири он 973 грамм “героин” дарёфт ва мусодира карда шудааст. Зимни бозпурсии ӯ маълум шудааст, ки дар ноҳияи Когони вилояти Бухоро қариб 2 кг ҳероин пинҳон карда шудааст ва он низ мусодира шудааст.

Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатӣ, айни замон нисбати айбдоршавандагон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардида, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 7-уми сентябр кормандони гумруки Ӯзбекистон дар гузаргоҳи Сариосиё дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аз як мошини холӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 70 кило маводи мухаддир – 31,9 кг ҳероин ва 37,3 кг ҳашиш дарёфт карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.