Ҷаримаи сокини Душанбе барои партофтани партов дар канори роҳ

Сокини шаҳри Душанбе Владимир Ставичний барои партофтани партовҳо  дар макони муқаррарнашуда ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт. Гуфта мешавад, кормандони милитсия шахсияти Ставичнийро тавассути навори видео дар шабака муайян кардаанд. Владимир Ставичний, сокини кӯчаи Шота Руставели партови атрофи хонаи худро ҷамъоварӣ намуда, тавассути автомашинаи худонро  ба канори роҳи мошингард гузоштааст. “Ин ҳолат боиси норозигии […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе Владимир Ставичний барои партофтани партовҳо  дар макони муқаррарнашуда ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия шахсияти Ставичнийро тавассути навори видео дар шабака муайян кардаанд. Владимир Ставичний, сокини кӯчаи Шота Руставели партови атрофи хонаи худро ҷамъоварӣ намуда, тавассути автомашинаи худонро  ба канори роҳи мошингард гузоштааст.

“Ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандону атрофиён гашта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардидаанд”, -омадааст дар хабари Раёсат.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 452 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар ин модда ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 3 то 5, ба шахсони мансабдор – аз 10 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар хабари Раёсати зимнан зикр мегардад, ки канори роҳ аз партовҳо пурра тоза карда шуда, бо сокинони кӯчаи мазкур ҷиҳати истифода аз партовгоҳ ва ба тозагӣ риоя намудан, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.