“Ба далели набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул”. Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон баста шуд

Сафорати Афғонистон дар Деҳлии Нав охири ҳафтаи гузашта ба далели адами ҳимояти дипломатӣ дар Ҳиндустон ва набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул баста шуд. Дар изҳороте, ки Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ин тасмимро худи сафорат пеш гирифтааст. “Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Деҳлии Нав бо таассуф тасмими худро дар бораи қатъи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сафорати Афғонистон дар Деҳлии Нав охири ҳафтаи гузашта ба далели адами ҳимояти дипломатӣ дар Ҳиндустон ва набуди ҳукумати эътирофшуда дар Кобул баста шуд.

Дар изҳороте, ки Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ин тасмимро худи сафорат пеш гирифтааст.

“Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Деҳлии Нав бо таассуф тасмими худро дар бораи қатъи фаъолияти сафоратхона аз 1-уми октябри соли 2023 эълон мекунад. Ҳарчанд, ин тасмим таассуфовар аст, аммо бо назардошти равобити таърихӣ ва шарикии деринаи Афғонистону Ҳиндустон, пас аз баррасии дақиқ гирифта шудааст”, – омадааст дар изҳорот.

Сафорати Афғонистон дар Деҳлии Навро кормандоне идора мекунанд, ки ҳукумати қаблии раисиҷумҳури фирории Афғонистон – Ашраф Ғанӣ таъйин карда ва аз ҷониби мақомоти Ҳиндустон ваколатдор шуда буданд.

Ҳиндустон ва ҳеч як кишвари дигар ҳукумати Толибонро*, ки дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, эътироф накардааст.

Ҳиндустон ҳатто ду сол қабл, пеш аз хуруҷи Амрико аз хоки Афғонистон, кормандони худро аз Кобул ба кишвараш бурд ва дигар дар он ҷо ҳузури дипломатӣ надорад.

Вазорати хориҷаи Ҳиндустон дар ин бора изҳори назар накардааст, аммо як мақоми расмӣ ҳафтаи гузашта ба расонаҳо гуфта буд, ки “сафири Афғонистон чанд моҳ пеш Ҳиндустонро тарк карда буд ва дипломатҳои дигари афғонистонӣ зоҳиран пас аз дарёфти паноҳандагӣ дар кишварҳои сеюм ин кишварро тарк мекунанд”.

Ҳиндустон гуфтааст, ки дар тасмимгирӣ дар мавриди ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз раҳбарияти СММ пайравӣ хоҳад кард.

Сафорат дар баёнияе гуфтааст, ки мехоҳад бо ҳукумати Ҳинд созиш ҳосил кунад, то манофеи афғонҳое, ки дар Ҳинд зиндагӣ, кор, таҳсил ва тиҷорат мекунанд, ҳимоят шавад.

Тибқи иттилои Оҷонси паноҳандагони СММ, афғонҳо тақрибан сеяки 40 000 паноҳҷӯи сабтиномшудаи Ҳиндустонро ташкил медиҳанд. Ба ин рақам онҳое шомил нестанд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид сабти ном нашудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.