Диаспораи тоҷикон дар Екатеринбург барои ҳамватанон маркази тиббӣ харидан мехоҳад

Date:

Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ният дорад, ки барои хидматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон маркази тиббӣ харад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулагарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Ин масъала зимни вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндагони диапораи тоҷикон дар вилояти Свердловск ва директори маркази тиббии хусусии «Новые Технологии» Тарас Стахов мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Консулгарии генералӣ зикр карданд, ки дар ҷараёни гуфтушунид муаррифии ҳамаҷонибаи Маркази тиббии зикршуда, ки дар кӯчаи Донбасская, хонаи 6 воқеъ аст, баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ намояндагони диаспора тасмим гирифтанд, ки ба омӯзиши масъалаи марбут ба дарёфти ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ нисбат ба ҶДММ "Медицинский центр  «Новые технологии”-ро идома медиҳанд.

"Дар сурати ҳалли мусбати масъала як ё якчанд нафар намояндагони диаспораи тоҷикони маҳаллӣ моликони Маркази тиббии зикргардида шуда метавонанд ва онро барои хидматрасонии касбии шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон, инчунин дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ махсус гардонанд”, – зикр шудааст дар мулоқот.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар вохӯрӣ аз ҷумла, президенти ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Диаспораи тоҷикони Дидор” Мастибегим Ошурбекова, узви Шӯрови ҳавзавии ҷмъиятӣ дар назди Консулгарии ҶТ Хушвахт Бедимоғов, намояндагони маъруфи диаспораи маҳаллии тоҷикистониён Сафаралӣ Талбаков ва Зуҳал Муродов, директори филиали Ширкати саҳҳомии суғуртаи “Энергогарант” Михаил Двортсов ва табиби шоистаи Русия Евгения Сафронова ҳузур доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...