Диаспораи тоҷикон дар Екатеринбург барои ҳамватанон маркази тиббӣ харидан мехоҳад

Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ният дорад, ки барои хидматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон маркази тиббӣ харад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулагарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург. Ин масъала зимни вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндагони диапораи тоҷикон дар вилояти Свердловск ва директори маркази тиббии хусусии «Новые Технологии» Тарас Стахов мавриди […]

Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Екатеринбурги Русия ният дорад, ки барои хидматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон маркази тиббӣ харад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулагарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Ин масъала зимни вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо намояндагони диапораи тоҷикон дар вилояти Свердловск ва директори маркази тиббии хусусии «Новые Технологии» Тарас Стахов мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Консулгарии генералӣ зикр карданд, ки дар ҷараёни гуфтушунид муаррифии ҳамаҷонибаи Маркази тиббии зикршуда, ки дар кӯчаи Донбасская, хонаи 6 воқеъ аст, баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ намояндагони диаспора тасмим гирифтанд, ки ба омӯзиши масъалаи марбут ба дарёфти ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ нисбат ба ҶДММ "Медицинский центр  «Новые технологии”-ро идома медиҳанд.

"Дар сурати ҳалли мусбати масъала як ё якчанд нафар намояндагони диаспораи тоҷикони маҳаллӣ моликони Маркази тиббии зикргардида шуда метавонанд ва онро барои хидматрасонии касбии шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон, инчунин дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ махсус гардонанд”, – зикр шудааст дар мулоқот.

Дар вохӯрӣ аз ҷумла, президенти ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Диаспораи тоҷикони Дидор” Мастибегим Ошурбекова, узви Шӯрови ҳавзавии ҷмъиятӣ дар назди Консулгарии ҶТ Хушвахт Бедимоғов, намояндагони маъруфи диаспораи маҳаллии тоҷикистониён Сафаралӣ Талбаков ва Зуҳал Муродов, директори филиали Ширкати саҳҳомии суғуртаи “Энергогарант” Михаил Двортсов ва табиби шоистаи Русия Евгения Сафронова ҳузур доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.