Ҷаримаи директори “Якксарой” ва ду овозхону як баранда барои вайрон кардани қонуни танзим

Мақомот роҳбарияти тарабхонаи “Яккасарой” дар шаҳри Хуҷанд, чанд овозхону баранда ва соҳибони тӯйро барои вайрон кардани қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишвар ҷарима кардаанд, хабар медиҳад Додситони кулли Тоҷикистон. Манбаъ навиштааст, ҳангоми гузарони санҷишҳои додситонӣ  маълум гардид, ки маъмурияти тарабхона бе бастани шартномаи тарафайн бо сокинон ва дар соати корӣ тӯйи […]

Мақомот роҳбарияти тарабхонаи “Яккасарой” дар шаҳри Хуҷанд, чанд овозхону баранда ва соҳибони тӯйро барои вайрон кардани қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишвар ҷарима кардаанд, хабар медиҳад Додситони кулли Тоҷикистон.

Манбаъ навиштааст, ҳангоми гузарони санҷишҳои додситонӣ  маълум гардид, ки маъмурияти тарабхона бе бастани шартномаи тарафайн бо сокинон ва дар соати корӣ тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор кардаанд. Ҳамчунин, чанд овозхону баранда ҳам бе бестани шартнома тарафайн дар ин туйҳо ширкат карданд, ки хилофи қонуни мазкур аст.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи ин қонуншиканиҳо дар моҳи август ошкор шуд ва маъмурияти тарабхонаву овозхону соҳибони тӯй аз 740 сомонӣ то беш аз 81 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Додситонии кул ба таври мисол навиштааст, ки директори тарабхонаи “Яккасарой”-и шаҳри Хуҷанд Бузруков Беҳрӯзхӯҷа рӯзи 11-уми август, соати 20:08 бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо соҳиби маърака тӯй баргузор намудааст.

“Ҳамчунин, номбурда рӯзи 15-уми августи соли 2023 дар вақти корӣ соати 13:00 дақиқа дар тарабхонаи “Яккасарой” тӯйи арӯсию домодии Назыров У. ва Юнусова М.-ро баргузор намуда, талаботи қонунро дағалона вайрон кардааст”, – гуфтааст ин ниҳод.

Ба иттилои ин ниҳод дар ин маросим ва тӯйи хонадоршавии бародари Назыров У., ки дар вақти корӣ баргузор гардид, Ғуломҷон Мирдадоев ҳамчун сароянда ва Парвизҷон Юсупов ба ҳайси баранда бидуни бастани шартнома хидматрасонӣ кардаанд.

Мақомот ҳамчунин аз баргузории як маъракаи домодталбон дар вақти корӣ дар тарабхонаи “Яккасарой” хабар доданд, ки бо иштироки 72 нафар бо додани 3 намуд таъом баргузор шуда, дар он шаҳрванд Манонова Маликахон ҳамчун сароянда бе бастани шартномаи тарафайн  иштирок ва хизмат расонидааст.

Ба таъкиди ин ниҳод баргузории домодталбон бархилофи талаботи қисми 3 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

Нисбати гумонбарон парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, бо қарори додгоҳи шаҳри Хуҷанд директори “Яккасарой” 81 ҳазору 600 сомонӣ, маъмури тарабхона 44 ҳазору 200 сомонӣ, як баранда ва овозхон 51 ҳазор сомонии, сарояндаи дигар 34 ҳазор сомонӣ, инчунин, ду соҳиби маърака яке 6 ҳазору 800 сомонӣ ва дигарӣ 7 ҳазору 480 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Қаблан, ҳам Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дода буд, ки ду сокини вилояти Суғд барои ташкили чорабиние, ки қонунгузорӣ манъ кардааст, ҷарима шуданд.

Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шудааст ва ҳадафи он пешгирӣ аз сарфакории зиёд дар тую маъракаҳо гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.