“Нобели форсизабонон” ба шоир ва олими тоҷик тақдим гардид

Date:

Шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон барои силсилаи таҳқиқоташ дар робита ба рӯзгору осори Абурайҳони Берунӣ сазовори ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ дар Аврупо барои соли 2023 гардид. Ин ҷоизаро “Нобели форсизабонон” низ ном мебаранд.

Ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи умумии Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти 1050-солагии Абӯрайҳони Берунӣ таҳти унвони “Абӯрайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ӯ супурда шуд.

Ба ин ҷоизаи байналмилалӣ, ки онро ҳамчунин “Ҷоизаи Нобел”-и форсизабонон ном мебаранд, донишмандони кишварҳои гуногун, ба хусус кишварҳои форсизабон барои дастовардҳои назарраси илмӣ сарфароз карда мешаванд.

Ҳасани Султон доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Русия, узви вобастаи АМИТ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ бештар аз сесад асару мақолаи илмию адабӣ навишта, муаллифи беш аз 20 китоби илмӣ ва беш аз 10 маҷмӯаи шеър мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Як қисми асосии фаъолияти илмии Ҳасани Султон ба омӯзиши зиндагиву осори Абӯрайҳони Берунӣ бахшида шудааст.

Ҳасани Султон ҳамчунин дар таълифу тадвин ва таҳриру такмили бештар аз сӣ фарҳангу луғатномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги молия ва бонкдорӣ” ва “Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ” ширкат варзидааст.

Ӯ чанде пештар ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзодаро низ соҳиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...