Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошт

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гунаҳкор ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба […]

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гунаҳкор ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардида буд.

Вакили дифои журналисти зиндонӣ гуфт, Додгоҳи олии кишвар 25-уми сентябри соли 2023 шикояти назоратии Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва вакили дифои ӯро беқаноат монд.

Ӯ афзуд, онҳо ҳамчунин, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен ҳам  аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикояти кассатсионӣ  рсол крада буданд, вале то ҳол ҷавоб нагирифтаанд.

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи бетағйир гузоштани ҳукми шавҳараш гуфт, онҳо барои талаби адолати парвандаи Абдуллоҳ Ғуобатӣ чор зинаро гузаштанд ва акнун ба  Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи СММ муроҷиат хоҳанд кард.

“Мо умед дорем ин кумита ба парванда таваҷҷуҳ мекунад. Муроҷиати мо дар бораи поймолшавии озодии баён аст, ки ин аввалин муроҷиат дар мавзӯи озодии баён ба СММ хоҳад буд. Яъне то имрӯз муроҷиат дар ин мавзуъ ба СММ аз ҷониби касе суръат нагирифта буд”, – гуфт ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Қаблан, марҳалаи назоратӣ ва кассатсионии Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳам ҳукми зиндони Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошта буданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони маҳкумшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Мурофиаҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик – Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.