“Нобели форсизабонон” ба шоир ва олими тоҷик тақдим гардид

Шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон барои силсилаи таҳқиқоташ дар робита ба рӯзгору осори Абурайҳони Берунӣ сазовори ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ дар Аврупо барои соли 2023 гардид. Ин ҷоизаро “Нобели форсизабонон” низ ном мебаранд. Ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи умумии Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти 1050-солагии Абӯрайҳони Берунӣ таҳти […]

Шоир ва олими тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон барои силсилаи таҳқиқоташ дар робита ба рӯзгору осори Абурайҳони Берунӣ сазовори ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ дар Аврупо барои соли 2023 гардид. Ин ҷоизаро “Нобели форсизабонон” низ ном мебаранд.

Ҷоизаи мазкур дар ҷаласаи умумии Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба муносибати бузургдошти 1050-солагии Абӯрайҳони Берунӣ таҳти унвони “Абӯрайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат”, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО рӯзҳои 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ӯ супурда шуд.

Ба ин ҷоизаи байналмилалӣ, ки онро ҳамчунин “Ҷоизаи Нобел”-и форсизабонон ном мебаранд, донишмандони кишварҳои гуногун, ба хусус кишварҳои форсизабон барои дастовардҳои назарраси илмӣ сарфароз карда мешаванд.

Ҳасани Султон доктори илми филология, академики Академияи табиатшиносии Русия, узви вобастаи АМИТ ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ бештар аз сесад асару мақолаи илмию адабӣ навишта, муаллифи беш аз 20 китоби илмӣ ва беш аз 10 маҷмӯаи шеър мебошад.

Як қисми асосии фаъолияти илмии Ҳасани Султон ба омӯзиши зиндагиву осори Абӯрайҳони Берунӣ бахшида шудааст.

Ҳасани Султон ҳамчунин дар таълифу тадвин ва таҳриру такмили бештар аз сӣ фарҳангу луғатномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги молия ва бонкдорӣ” ва “Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ” ширкат варзидааст.

Ӯ чанде пештар ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзодаро низ соҳиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.