Нақшаи даъват ба артиш 55 дарсад иҷро шудааст

Дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст. Дар ин  бора вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артишро дар рӯзи аввали ин маърака пурра иҷро кардааст. Дар вилояти Хатлон то ин замон […]

Дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Дар ин  бора вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артишро дар рӯзи аввали ин маърака пурра иҷро кардааст.

Дар вилояти Хатлон то ин замон беш аз 60 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

Вилояти Суғд бошад, давоми 10 рӯзи аввал 43 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардааст.

Дар шаҳри Душанбе давоми 10 рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш 45 дарсади нақша иҷро шудааст.

Шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошанд, давоми даҳ рӯзи аввал 65 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.

Бояд гуфт, ки нақшаи даъват ба артишро дар рӯзҳои аввал якҷо бо ВМКБ чандин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияҳои Рашт, Фархор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ пурра иҷро намуданд.

Вазорати дифоъ меннависад, ки дар умум, давоми 10 рӯз нақшаи даъват дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра иҷро шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.