КҲФ аз боронҳои пуршиддат дар рӯзҳои наздик огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз номуосид шудани обуҳаво дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳад. Бино ба иттилои Кумита,  13 октябр боронҳои пуршиддат борида, 10-15 дараҷа поинравии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Гуфта мешавад, дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин), ҳамчунин […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз номуосид шудани обуҳаво дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои наздик ҳушдор медиҳад.

Бино ба иттилои Кумита,  13 октябр боронҳои пуршиддат борида, 10-15 дараҷа поинравии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ ҳавои номусоид дар назар буда, боронҳои пуршиддат меборанд ва шамол дар як сония то 17-22 метр хоҳад вазид.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи боришот дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст. Харорати хаво 10-15 дараҷа паст мешавад.

“Рӯзҳои 13-14 октябр дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ таҳдиди омадани селҳо боқӣ мемонад”, – омадааст дар хабар.

Кумита огоҳ мекунад, ки дар натиҷаи боришот метавонанд ҳолатҳои фавқулоддаи зерин ба амал оянд:

— эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳаводиси дигар;

— эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати  аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об;

— эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон.

“Ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, ҷӯйборҳои назди ҳавливу масканҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунед”, – хоҳиш кардааст Кумита аз аҳолӣ.

Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сустниҳод гардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатарӣ ҷиддан риоя шавад.

Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одитарин бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.

“Ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошед, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар аз қабл омода созед ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоед”, – даъват кардааст Кумита аз шаҳрвандон.

Хотиррасон мешавад, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.