Теъдоди ҳалокшудагон дар Навори Ғазза ба беш аз ҳазор нафар расид

Бар асари зарбаҳои Исроил ба Навори Ғаззаи Фаластин 1055 нафар ҳалок шуда, боз зиёда аз 5,1 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al-Hadath бо истинод ба Вазорати тандурустии Фаластин хабар медиҳад. Бино ба маълумоти ахир, дар Исроил бар асари ҳамлаҳои Ҳамос 1,2 ҳазор нафар ҳалок шуда, ҳудуди 3 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд. […]

Asia-Plus

Бар асари зарбаҳои Исроил ба Навори Ғаззаи Фаластин 1055 нафар ҳалок шуда, боз зиёда аз 5,1 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al-Hadath бо истинод ба Вазорати тандурустии Фаластин хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти ахир, дар Исроил бар асари ҳамлаҳои Ҳамос 1,2 ҳазор нафар ҳалок шуда, ҳудуди 3 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ) ба ҳамлаҳои густарда ба навори Ғазза пас аз ҳамлаи аъзои Ҳамос ба ҷануби Исроил, кушта шудани низомиён ва гаравгонгирии ғайринизомиён оғоз кард. Сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу ваъда дод, ки артиш ҳама маконеро, ки дар онҳо гурӯҳи фаластиниён ҷойгир аст, "ба харобазор табдил хоҳад дод".

Рӯзи 10 октябр вазири мудофиа Йоав Галант эълон кард, ки Исроил ба як ҳамлаи густурда шурӯъ мекунад ва пас аз он “Ғазза ҳеҷ гоҳ мисли пештара нахоҳад буд". Ба ҷуз амалиёти ҷангӣ, ӯ фармон дод, ки интиқоли обу неруи барқ ва маводи сӯзишворӣ ба Навори Ғазза қатъ карда шавад.

Президенти ИМА Ҷо Байден дар як сӯҳбати телефонӣ бо Нетаняҳу аз ӯ хост, то шумори қурбониёни ғайринизомииро дар Навори Ғазза ба ҳадди ақалл бирасонанд. Сарвазири Фаластин Муҳаммад Штайё зикр кард, ки бар асари бомбафканӣ ва муҳосира аз ҷониби Исроил, навори Ғазза ба фалокати башардӯстона дучор шудааст.

Бино ба маълумоти СММ, аз оғози даргирӣ тақрибан 264 ҳазор фаластинӣ маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро дар Навори Ғазза тарк кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.