Рӯнамоии лоиҳаи филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Душанбе

Пагоҳ, 17-уми октябр, дар ҳошияи Синамоҷашнвораи якуми Байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон лоиҳаи филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯнамоӣ хоҳад шуд. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, Рӯнамоии лоиҳаи филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Пагоҳ, 17-уми октябр, дар ҳошияи Синамоҷашнвораи якуми Байналмиллалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон лоиҳаи филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯнамоӣ хоҳад шуд.

Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Рӯнамоии лоиҳаи филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” соати 18.00 дар кинотеатри Наврӯз баргузор мешавад.

Тасмими таҳияи филм дар бораи шоири классики тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва шогирди ӯ, сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ соли 2021 гирифта шуд.

Гуфта мешуд, ки барои баррасии тарҳи филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”” синамогарон аз ҳарду кишвар ҷалб шудаанд ва онҳо аллакай, чанд маротиба дар ҳарду кишвар мулоқот карда, тарҳи банаворгирии филмро баррасӣ намудаанд. Чанд созишномаҳо дар робита ба наворгирии ин филм низ ба имзо расида, қадамҳои аввалине  ҳам дар ин самт гузошта шуд. Мисоли барҷастаи он, ҷалби Люк Бессон, коргардони машҳури Фаронса, сенариянавис ва продюссери сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳайси мушовир дар таҳияи ин филм аст.

Ҳамчунин, дар Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон филми ҳунарии “Ӯзбекдухтар” дар таҳияи коргардон Акбар Бектурдиев низ  дар кинотеатри Наврӯз намоиш дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии  Душанбе – “Тоҷи Сомон” ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, аз 15 то 19-уми октябр, бо ибтикори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир мегардад.

Синамоҷашнвора таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мешавад. Ҳадафи баргузории ҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, табодули таҷриба, такмили маҳорати филмбардорони ҷавон, муаррифии филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба дӯстдорони синамо, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии самтҳои сайёҳӣ, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, таҳким ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар киноиндустрия дар доираи “Барномаи рушди синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.