Вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон меояд

Date:

Имрӯз, 17-уми октябр, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии Эрон “Тасним” иттилоъ медиҳад.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ Муҳаммадризо Оштиёнӣ, дар раъси як ҳайъати баландпоя вориди Душанбе хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо мулоқот мекунад.

“Баррасии масоили амниятӣ ва дифоии ду кишвар ва пайгирии қарордодҳои дифоии ду кишвар аз аҳдофи сафари Амир Оштиёнӣ ба Тоҷикистон аст”, – навиштааст манбаъ.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, соли гузашта дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дифоии Эрон ва Тоҷикистон, дар Тоҷикистон хатти тавлиди ҳавопаймои бесарнишини эронии “Абобил-2” бо ҳузури сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳусейн Боқирӣ ифтитоҳ шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи сафари вазири дифои Эрон ба кишвар то ҳол ҳеҷ иттилое надодааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ифтитоҳи корхонаи тавлиди ҳавопаймои бесарнишини эронии “Абобил-2”-ро низ шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...