Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав таъсис дод

Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав – “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” ташкил карда, ҳафтаи гузашта бо баргузории як машғулият онро ба кормандони худ муаррифӣ кардааст. Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, сохтори нав бо баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ […]

Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав – “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” ташкил карда, ҳафтаи гузашта бо баргузории як машғулият онро ба кормандони худ муаррифӣ кардааст.

Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, сохтори нав бо баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ ба кормандони Додситонии кул муаррифӣ карда шудааст.

Дар машғулиятҳо, аз ҷумла зарурати таъсис, мазмун ва моҳияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо шарҳ дода шудааст.

Ҳамчунин, дар ин машғулиятҳо самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои Марказ, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот шарҳ дода шудааст.

Ба ин машғулиятҳо ҳамчунин, ҷалби ёрдамчиёни додситонҳои шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ноҳияҳои онҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳарбии гарнизонҳои Душанбе ва Рашт, нақлиёти Тоҷикистон ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.