Бастрикин: Муҳоҷирони аз иштирок дар ҷанги Украина дасткашида аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин даъват кард, ки дар ҳолати аз иштирок дар амалиёти махсуси низомӣ даст кашидани муҳоҷирон, онҳо аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд, менависад Интерфакс. “Ҳоло, ки амалиёти махсуси низомӣ ҷараён дорад, ба фикрам, муҳоҷиронро ба он ҷалб кардан лозим аст. Агар ту шаҳрвандии Русияро доштаву омода набошӣ, ки уҳдадории ҳарбии […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин даъват кард, ки дар ҳолати аз иштирок дар амалиёти махсуси низомӣ даст кашидани муҳоҷирон, онҳо аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд, менависад Интерфакс.

“Ҳоло, ки амалиёти махсуси низомӣ ҷараён дорад, ба фикрам, муҳоҷиронро ба он ҷалб кардан лозим аст. Агар ту шаҳрвандии Русияро доштаву омода набошӣ, ки уҳдадории ҳарбии худро иҷро кунӣ, пас тасмим гирифтан лозим аст, ки чунин шахсон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд”, – гуфтааст Бастрикин зимни як конфронси ҳарбиву илмӣ.

Навори суханронии раиси Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи панҷшанбе дар торнамои ин Кумита нашр шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Бастрикин, “пешбинӣ кардани расмиёти ҳатман гирифтани симкорти Русия аз замони вуруди муҳоҷир ба кишвар бо истифодаи ҳатмии он ҳангоми сохтани ҳуҷраи шахсӣ дар портали Госуслуги мувофиқи мақсад аст".

Тавре ки нашрияи Настоящее время менависад, дар бораи аз ҷониби Кремл ба ҷанг фиристодани муҳоҷирон бори нахуст як сол пеш хабарҳо интишор шуданд.

Моҳи октябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик хабар дод, ки дар маркази муҳоҷирати “Сахарово” дар Маскав ба муҳоҷирон қарордод дар бораи иштирок дар ҷангро барои имзо мегузоштаанд.

Моҳи августи соли 2023 бошад, дар чанде аз минтақаҳои Русия мақомоти қудратӣ дар мавриди ҷустуҷӯи мардоне, ки каме пештар шаҳрвандии Русияро гирифтаанду худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд, рейдҳо гузарониданд.

Кормандони пулис дар маҳалҳои вохӯрӣ ё пайдо кардани онҳо, ба дасташон даъватнома супурда, онҳоро ба комисариати ҳарбӣ бурданд.

Баъдан маълум шуд, ки дар Русия ба ҷанги Украина натанҳо мардони муҳоҷир, балки занон – шаҳрвандони Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ҷалб мекунанд.

Ба онҳо дар қисмҳои низомии мустақар дар қаламравҳои ғасбшудаи Украина ва бевосита дар хати ҷабҳа корҳо ба сифати ошпазу ҳамшираи шафқатро бо маоши баланд пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.