“Таърихи садсолаи фарҳанги тоҷик гирдоварӣ шуд”. Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохтаи тоҷик ифтитоҳ шуд. Мо аз ин осорхонаи нав боздид карда, гузориш таҳия намудем. Осорхона аз ду толори бузург, хонаҳои дарунӣ ва кати чойнӯшиву ҷойи истироҳат иборат аст. Ин ҷо китобҳо, либосҳо, аксҳо, каллексияҳои ҷамъоварда ва дигар ёдгориҳо аз шодравон гирд оварда шудаанд. Ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Муҳаммадшариф Ёрмуҳаммад, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи Ҳабибулло Абдураззоқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохтаи тоҷик ифтитоҳ шуд. Мо аз ин осорхонаи нав боздид карда, гузориш таҳия намудем.

Осорхона аз ду толори бузург, хонаҳои дарунӣ ва кати чойнӯшиву ҷойи истироҳат иборат аст. Ин ҷо китобҳо, либосҳо, аксҳо, каллексияҳои ҷамъоварда ва дигар ёдгориҳо аз шодравон гирд оварда шудаанд. Ва ин ҳам, гуфта мешавад, танҳо аз се як ҳиссаи ёдгориҳои ҳунарманданд.

Осорхонаи мазкур бо ташаббуси фарзандони ҳунарманд дар хонаи нав ва бо тарҳи муосир таҳия шудааст ва зертобеи ягон ниҳоди давлатӣ нест. Пайвандони Ҳабибулло Абдураззоқов мегӯянд, Осорхона хусусӣ ё худ ҷамъиятӣ боқӣ мемонанд, вале пешниҳоде ҳам ҳаст, ки он ба тобеияти Академияи милллии илмҳо ва ё Вазорати фарҳанг дохил карда шавад.

Ҳабибулло Абдураззоқов 7-уми ноябри соли 1937 дар Кӯлоб ба дунё омада, 19-уми январ соли 2021 дар 83-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум беш аз 50 сол дар театру синамои тоҷик хидмат намуда ва номашро дар саҳифаҳои санъату фарҳанг ҳаккокӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.